Дар Душанбе рӯзи 16 март ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмиву техникӣ баргузор мешавад.

Дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар ширкат меварзанд.

Ҷаласа таҳти ҳамрасии муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва ноиби сарвазири Қазоқистон Роман Скляр доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ намуда, ба масоили дастгирии тиҷорату хурду миёна, ҳифзи муҳити зист, рушди мунисбатҳои минтақавӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангу маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.