Ба манзури омодагӣ ба нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ (ИМ) – Чин 13 апрел мулоқоти маҷозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барпо шуд.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, ҷониби Тоҷикистонро дар ин мулоқот Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода намояндагӣ кард.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо пиромуни раванди тадорукот ба баргузории вохӯрии навбатӣ табодули афкор намуда, пешнависи санадҳои барои муҳокима пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКХ Тоҷикистон хабар дод, баргузории нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” нимаи моҳи май дар музофоти Шэнсии Чин ба нақша гирифта шудааст.

Нишасти аввали вазирони корҳои хориҷии механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шакли маҷозӣ 16 июли соли гузашта доир гардид. Дар кори он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.