Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашршуда дар расонаҳои Афғонистон ва бахши шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар робита ба интиқол додани муҳимоту силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро рад кард. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ин хабар аз беху бун бепоя аст.
Субҳи имрӯз, 23 август "бархе телеграмканалҳои расонаҳои Афғонистон, аз қабили «Спутник Афғонистон», «Тулӯъ» ва «Иттилооти рӯз» хабар доданд, ки «нахустин чархболҳои ҷабҳаи муқовимат силоҳ, муҳимот ва ниёзмандиҳои ҷабҳаро аз Тоҷикистон ба Панҷшер интиқол додаанд». Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин хабар асоси воқеӣ надорад.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия плюс» гуфтанд, ки чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад ва ҳеҷ чархболи Тоҷикистон барои Афғонистон муҳимоти ҷангӣ набурдааст».
Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд ва чеҳраҳои дигар ҷабҳаи муқовимат таъсис шудааст, ки дар сурати ҳамлаи Толибон бо онҳо муқовимат хоҳанд кард.
Субҳи имрӯз, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯйи "Толибон" ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навиш, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.
Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд ба ин навиштаи Толибон посухе надодаанд.
Ин твитти Муҷоҳид, як соат пештар нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад Аморати исломӣ талош дорад, то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад.
Ҳарчанд то кунун назари Аҳмади Масъуд ва афроди наздик дар ин бора мушаххас нест, вале ӯ дирӯз гуфта буд, ки агар Толибон ба Панҷшер ҳамла кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард.
Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони "Ал-Арабия" гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки "Толибон" низ бахше аз он хоҳад буд. "Аммо агар гурӯҳи "Толибон" музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад."
Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди "Толибон" аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба "Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" пайвастаанд.
Хабаргузории "Ройтерз" низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо "Толибон" ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста