Бо ташаббуси ҷониби Покистон 2 октябр суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имрон Хон доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат дар идомаи муколамае, ки дар шаҳри Душанбе оғоз ёфта буд,   ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаро баррасӣ намуданд. Дар ин зимн ба вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

“Вазъи ин кишвари ҳамсоя ҳамоно дар маркази диққати ҷониби Тоҷикистон қарор дорад, зеро ҳамаи он рӯйдодҳое, ки дар ин кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ мепайванданд, ба ҳолати амниятӣ дар минтақа таъсири бевосита мерасонанд”, - таъкид дошт зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон.

Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки роҳандозии муколамаи васеи нерӯҳои мухталифи ин кишвар яке аз омилҳои муҳими барқарории сулҳу субот дар он арзёбӣ мегардад. Бори дигар омодагии ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи тарафҳои манфиатдор ба мақсади мусоидат ба ин раванд дар доираи имкониятҳои мавҷуда иброз гардид.

Гуфта мешавад, мувофиқа ба даст омад, ки тамосу машваратҳои ду кишвар оид ба қазияи Афғонистон дар ҳамаи сатҳҳо идома дода шаванд.

Зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи натиҷаҳои сафари расмии начандон Имрон Хон ба Тоҷикистон ва ҷанбаҳои рӯзмарраи ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.