Як ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон 16 октябр дар Тирмиз зимни гуфтушунид бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии муовини роҳбари ҳукумати муваққатии аз ҷониби Толибон таъсисёфтаи Афғонистон Абдул Салом Ҳанафӣ масоили таъмини амният дар марзҳоро баррасӣ карданд, хабар медиҳад ТАСС.
“Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони вазорату идораҳои гуногун масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таъмини амният дар сарҳадҳо, ҳамкорӣ дар бахши энергетика, боркашонии байнулмилалӣ ва транзитро мавриди баррасӣ қарор доданд”, - зикр мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, зимни гуфтушунид ба масоили амалисозии лоиҳаҳои зерсохторие чун сохтмони хати интиқоли барқи “Сурхон-Пули Хумрӣ” ва роҳи оҳани “Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар” таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Ҳайати Ӯзбекистонро дар гуфтушунид вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ин кишвар Сардор Умурзоқов роҳбарӣ кардааст.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 21 сентябр зимни суханронии маҷозӣ (онлайн) дар музокироти умумиии сиёсии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Афғонистон канор гузошта нашавад.
“Тошканд мунтазам ба кишвари ҳамсоя маводи хӯрокворӣ, маҳсулоти нафтӣ ва неруи барқ интиқол медиҳад”, - гуфтааст президенти Ӯзбекистон.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ашраф Ғанӣ худро сафед карданист. Вокуниши сафири Афғонистон ба мусоҳибаи президенти фирорӣ
Нархҳо дар ярмаркаҳои либосҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе
Баландтарин сатҳи рушди иқтисод миёни кишварҳои БАОР дар Тоҷикистон сабт шудааст
Даргузашти роҳбари “Авторадио” Фаридун Хайруллозода дар Душанбе
Дар Русия ба аризаи гирифтани патенти кор банди нав илова мешавад
Душанбе дар сегонаи арзонтарин шаҳрҳо барои хориҷиён қарор гирифт
Президент аз Конибодом боздид намуд. Суратгузориш
Суқут, тарс, парешонӣ… Ҳирот пас аз як соли суқут ва ғасби Толибон
3,5 ва 2,5 соли зиндон. Ҳукми бародароне, ки дар метрои Маскав бо полис муноқиша карданд
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста