Туркия аз моҳи январи соли оянда маҳдудиятҳо дар реҷаи раводид (виза) барои шаҳрвандони Тоҷикистон бекор мекунад, хабар дод вазири саноат ва технологияҳои ин кишвар Мустафо Варанк дар ҷараёни ҳамоиши доираҳои кории ду кишвар рӯзи 16 декабр дар шаҳри Коня.
Ин иқдомро ӯ “рушди робитаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ тавассути густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла маориф ва рушди сайёҳӣ” маънидод кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории туркии Yeni safak.
Вазири саноати Туркия изҳори умедворӣ намудааст, ки бо ҷорӣ шудани реҷаи номаҳдуди раводид ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба байни кишварҳо “аз ҳисоби иқдомҳои мусбати мутақобила дар соҳаи андозбандӣ ва логистика” то 1 млрд доллар зиёд мешавад.
Ӯ илова кардааст, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши мол 326 млн долларро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Раёсати консулгарии ВКХ Тоҷикистон, ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид бо шиносномаи умумидавлатии хориҷӣ 30 рӯз, шиносномаи хидматӣ - то 60 рӯз ва шиносномаи дпломатӣ - то 90 рӯз дар қаламрави Туркия ҳузур дошта метавонанд.
Айни замон Тоҷикистон танҳо бо панҷ давлат - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ реҷаи бемуҳлати раводид дорад.
Реҷаи бе раводид чист?
Ин реҷаи муносибатҳои мутақобила байни Тоҷикистон ва кишвари муайяне мебошад, ки мувофиқи он, ба шаҳрвандони ин кишвар барои ворид шудан ба кишвари мо раводид талаб намешавад ва баръакс, ба шаҳрвандон кишвари мо барои ба ин кишвар рафтан раводид лозим нест.
Реҷаи бидуни раводид метавонад ҳам ба таври якҷониба ва ҳам ба таври мутақобила (бо созишномаи дуҷониба ё бисёрҷониба) муқаррар карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, барои баъзе навъи шиносномаҳо маҳдудият вуҷуд дорад. Масалан, барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ реҷаи бераводид амал карда, барои дорандагони дигар навъи шиносномаҳо раводид ҳатмӣ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.