Имрӯз дар идомаи тағйироти кадрии соли 2022, ки дирӯз оғоз шуда буд, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳал ва раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва чанде аз сохторҳои дигар низ барканор шуданд.
Дар ин бораи Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, аммо то кунун ному насаби нафарони навтаъиншуда ба ҷойи раҳбарони барканоршуда расонаӣ нашудааст.
Ба иттилои Дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, раисони шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода аз мақомашон барканор шуданд.
Ҳамчунин Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати «Барқи Тоҷик», Табарзода Ҷамшед, директори генералии корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ низ аз мақомашон барканор гардидаанд.
Табарзода Ҷамшед акнун ба вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.
Амирхон Қурбонзода, ки то имрӯз дар вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе фаъолият дошт дар пайи ин тағйирот муовини раиси вилояти Хатлон шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста