Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи ахири худ аз "идомаи саркӯби мухолифини сиёсӣ" ва "эҷоди фазои тарс" дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар ҷаласаи 49-уми Шӯрои ҳуқуқи башар Мишел Бачелет, комиссари олии СММ дар мавриди ҳуқуқи башар гуфтааст, ки дар Тоҷикистон саркӯби мухолифони сиёсӣ идома дорад ва шумори мухолифоне, ки барои муддатҳои зиёд равонаи зиндон мешаванд, меафзояд.
Ин мақоми СММ гуфтааст, ки ин мухолифон дар чаласаҳои додгоҳие маҳкум мешаванд, ки меъёрҳои қонунӣ мувофиқат намекунанд.
"Хушунат миёни неруҳои амниятӣ ва эътирозгарон дар моҳи ноябри соли 2021 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башарро дар ин минтақа ба таври қобили мулоҳиза бад кард ва фазои тарсро эҷод намуд",-гуфтааст Бачелет.
Ман аз идома ёфтани қатъи интернет дар ин минтақа афсӯс мехурам, ки қатъи интернет нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст,-гуфтааст ин мақрмдори СММ.
Тоҷикистон то кунун ба ин интиқоди СММ посух надодааст, вале дар гузашта мақомоти Тоҷикистон далели қатъи интернет дар ВМКБ-ро ба далоили амниятӣ марбут дониста буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста