Ҳамасола аз бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун нигаронӣ карда мешавад. Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии радабандии озоди баёни соли 2021 дар миёни 181 кишвар мақоми 162-юмро соҳиб шуд ва дар шумори кишварҳои "нигаронии хос" қарор гирифт. Имсол, дар тозатарин гузориши вазъи озодии баён, ки 3 май аз сӯйи созмони “Хабарнигорони бидуни марз” пешниҳод шуд, Тоҷикистон мақоми 152-ро дошта, мавқеи худро 10 зина беҳтар кардааст.

Аз рӯйи мақоми наваш, Тоҷикистон аз гурӯҳи кишварҳои нигаронии хос берун шуд. Ин дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон соли 2009 дар мақоми 113-ум қарор дошт. Ҳатто дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик дар соли 2012, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора карда ва онро боиси ифтихор номида буд.

Аммо ба таъкиди коршиносон ва соҳибназарон  пас аз интихоботи порлумонии соли 2010  ва баъдтар дар пайи расонаӣ шудани протоколи 3220, ки воқеият доштани онро ҳеч гоҳе ҳукумат напазируфт (ин протокол дар сайти русии  "Звезда.ру" нашр шуда буд), вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ба бадӣ гаройид. Дар ин миёна лату кӯби журналистон, қазияҳои судии рӯзноманигорон зиёд шуд, ки дар пайи он бархе аз рӯзноманигорон тарки соҳа карданд. Ҳамчунин бо зиёд шудани фишору таъқибот алайҳи рӯзноманигорон бархе аз расонаҳои фаъол дар саҳнаи сиёсии кишвар баста шуданд ва рӯзноманигорону соҳибони он расонаҳо кишварро тарк карданд. 

“Азия-Плюс” дар ин матлаб мухтасаран вазъи озодии баён ва муҳимтарину доғтарин таҳаввулоти саҳнаҳои расонаии Тоҷикистонро дар 10 соли ахир ба баррасӣ гирифтааст.

Кӣ рафту чӣ омад?


Соли 2012, ки ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд, дар Тоҷикистон 446 рӯзномаву маҷалла сабти ном шуда буд, ки аз ин 270 – нашрия ҷамъиятиву хусусӣ буданду 176 давлатӣ. Ҳоло, дар соли 2022 мувофиқи омори расмии Вазорати фарҳанг дар кишвар 376 рӯзнома сабти ном аст, ки аз инҳо 112 давлатӣ ва 264 нашрияи мустақил ва 245 маҷалла (114 давлатӣ ва 131 мустақил) мебошанд.

Дар соли 2012 дар кишвар 10 хабаргузорӣ сабти ном шуда буд, ки 9-тои он ғайриҳукуматӣ буданд. Ҳоло ҳамагӣ 1 хабаргузорӣ зиёд шудааст, ки он ҳам мустақил мебошад.

Мувофиқи омори соли 2012 Тоҷикистон 44 шабакаи радиову телевизион амал мекард, ки 28 шабакаи он радиову телевизиони хусусӣ буданд. Дар соли 2022 ин теъдод ба 78 расида, ки 13 телевизиону 10 радио давлатӣ буда, 33 телевизион ва 22 радио хусусӣ ҳастанд.  

Аз рӯйи омор, аз соли 2012 то кунун зиёд шудани теъдоди расонаҳо ба назар мерасад. Вале аз саҳнаи фаъолият берун рафтани нашрияҳои дар ҷомеа таъсиргузор ва ба далелҳои гуногун қатъ шудани фаъолияти расонаҳо бозгӯкунандаи вазъи воқеии расонаҳо дар кишвар мебошад. Аз ҷумла аз майдон рафтани нашрияҳои умумимиллие чун “Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, хабаргузориҳои “Тоҷнеюс”, “Озодагон” ва ба ҷойи онҳо рӯйи саҳна наомадани расонаҳои иҷтимоиву сиёсӣ вазъро ба гунае нишон медиҳад, ки ҳузури расонаҳо дар кишвар камранг аст.

Ҳамчунин дар ин муддат дар Тоҷикистон барои таъсис ёфтани ҳатто як шабакаи телевизионии хусусии умумиҷумҳурявӣ мусоидат нашуд ва талошҳое, ки ҳам дар ин росто сурат гирифт ба нокмиҳо анҷомид.

Радиоҳои мустақиле, ки ҳам дар ин давра пайдо шуданд, ҳамаи онҳо дар формати фароғатӣ-иттилоотӣ буда, бештар ҳадафҳои тиҷоратиро дунбол мекунанд. Тақрибан мешавад гуфт, ки аз соли 2012 ба сӯ дар Тоҷикистон расонаҳои ҷиддии ҷамъиятиву сиёсӣ таъсис нашудаанд ва ё талошҳои таъсиси онҳо ба нокомӣ анҷомидааст. 

Парванда ва ба додгоҳ кашидани рӯзноманигорон

Баъд аз соли 2010 дар Тоҷикистон қазияҳои додгоҳӣ  ва боз кардани парвандаҳо алайҳи рӯзноманигрон зиёд шуд. Дар баробари ин шикоятҳо аз фишору таъқиб низ афзоиш ёфт. Аз ҷумла, дар моҳи майи соли 2012 яке аз қазияҳои пурсарусадои додгоҳии расонаҳо, ки соли 2010 оғоз шуда буд, ба анҷом расид.

Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигоре, ки 9 солро дар зиндон сипарӣ кард.

Моҳи феврали соли 2010 се додраси Додгоҳи олӣ - Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, Маҳмадиссо Саидов ва як додраси додгоҳи Душанбе Фахриддин Додометов, вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев ва ҳафтаномаҳои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-плюс»- ро ба додгоҳ кашида, хостори пардохти 5 миллион сомонӣ ҷуброни маънавӣ аз сӯйи нашрияҳо шуда буданд.  Баҳс сари нашри як матлаби Солеҳҷон Ҷӯраев, вакили дифои 31 сокини Исфара дар нашрияҳои мазкур буд, ки ахириҳо ба ҳамдастӣ бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ сарвари корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз чеҳраҳои ҷанҷолофарини қазияҳои сиёсиву ҷиноии солҳои ахири Тоҷикистон, муттаҳам шуда, ба муҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шудаанд.

Моҳи майи соли 2012 бо сабаби аз даъвои худ даст кашидани даъвогарон парвандаҳо алайҳи адвокат ва се ҳафтанома қатъ кард.

Маҳмадюсуф Исмоилов, рӯзноманигори ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” аз камтарин хабарнигорони тоҷике ҳаст, ки ду даъфа маҳз бо ҷурми навиштаҳояш паси панҷара нишастааст. 24-уми июни соли 2013 Исмоилов, бар асоси аризаи сокини ноҳияи Ашт Санавбар Аҳадова боздошт ва 28-уми октябри ҳамон сол аз руйи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 247 (тақаллубкорӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карданд. Мақомот хабарнигорро дар тамаъҷӯии 100 сомонӣ гунаҳкор карданд ва гӯё ӯ баъдан ӯ дар як амалиёт ҳангоми гирифтани 400 сомонии дигар боздошт шуд.

Пас аз наздик ба 9 соли зиндон Исмоилов, 16-уми апрели соли 2022 раҳо шуд. Тайи солҳое, ки хабарнигор дар зиндон буд, дар Тоҷикистон чаҳор бор қонуни афв қабул шуд, аммо муҳлати ҳабси Исмоилов ҳамагӣ 1 солу ҳашт моҳ кам шуда буд. Охирон бор соли 2021 бар асоси қонуни нави афв муҳлати ҳабси ин хабарнигор 3 моҳу 18 рӯз кам шуд. Пас аз раҳоӣ аз зиндон Исмоилов худро бегуноҳ эълон кард. 

Қаблан низ, дар охирҳои соли 2010 алайҳи Маҳмадюсуф Исмоилов баъди нашри мақолаи танқидияш бо номи “Ашт валангор мешавад” бо ҷурми “тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ” парванда боз карда, 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанд. Он сол хабарнигор бо пуштибонии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи рузноманигорон аз боздошт раҳо шуд.

29 майи соли 2013 Рамзия Мирзобекова, муовини вақти муҳаррири нашрияи “Азия-Плюс” барои “як сӯҳбат” ба Кумитаи амнияти миллӣ даъват ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Маъмурони амниятӣ Мирзобековаро дар робита ба инъикоси ҳаводиси Хоруғ, дар тобистони соли 2012, ҳимояташ аз Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи қабл таъсис ёфта буд ва дар бораи қазияи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик пурсида буданд.

Бар асоси гузориши созмонҳои рӯзноманигорӣ, танҳо дар 7 моҳи соли 2013 6 ҳолати муроҷиат ба додгоҳ аз фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳо сабт шуд. Аксарияти ин даъвоҳоҳои додгоҳӣ алайҳи нашрияҳо ва хабарнигорон ба ҳифзи шаъну шараф ва одобу ахлоқи журналистӣ рабт доштанд.

Барои мисол, даъвои Рустам Ҳукумов, писари раиси собиқи Роҳи оҳани Тоҷикистон – Амонулло Ҳукумов бо нашрияи «Имрӯз Нюс» бо 50 000 сомонӣ ҷарима бастани нашрия анҷомид.

Даъвои ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» алайҳи матлаби «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон», ки дар «Имрӯз Нюс» нашр шуда буд, бо ҳамагӣ 1 сомонӣ ҷарима бастани нашрия ва 30 000 сомонӣ ҷарима шудани вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова ба охир расид.

Як мавриди дигари баҳси додгоҳӣ, даъвои як мудири кӯдакистон алайҳи Радиои "Озодӣ" буд, ки ба фарқ аз мавридҳои дигар, ба фоидаи "Озодӣ" анҷомид, ва ду мавриди дигар — даъвои намояндагони Кумитаи дин бо хабарнигори «Тоҷнюс» ва баҳси як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳафтаномаи «Самак», ки дертар баррасии ҳарду парванда қатъ шуд.

Дар моҳи марти соли 2013, шоир Аскар Ҳаким, пас аз нашри як мақола дар нашрияи "Самак" ба Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шикоят бурда, барои таҳқири шахсияташ 150 ҳазор сомонӣ талаб мекунад. Аммо 7 октябри соли 2013 мурофиаи додгоҳӣ баргузор шуд ва бинобар пардохт нашудани боҷи давлатӣ аз сӯйи даъвогар, парванда қатъ шуд.


Моҳи июли соли 2013 панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ, аз ҷумла Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон, Академияи илмҳо ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, устоди Донишгоҳи тиббӣ аз Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” барои таҳқири миллат ва тамоми қишри зиёӣ дар мақолаи “Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (“Неинтеллигентно об интеллигенции”)  ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.

Рӯзи 25 феврали соли 2014 суди ноҳияи Фирдавсӣ Олга Тутубалинаро муфаззаф кард, ки ба Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, ки мегӯянд, баъд аз хондани матлаби ӯ зарари маънавӣ дидаанд, 10 ҳазор сомониӣ (дар маҷмуъ 30 ҳазор сомонӣ) ҷуброн пардохт мекунад.

Додгоҳ “Азия-Плюс” - ро вазифадор карда буд, ки дар ду ҳафта нисбати ин мақола раддия чоп намояд.

Абдурраҳим Шукуров, хабарнигор ва наворбардори хабаргузории "Озодагон", ки 25 декабри соли 2013 аз сӯйи маъмурони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми наворбардорӣ аз таҷаммуъи тарафдорони соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов боздошт шуд, як рӯз пас аз пардохти ҷарима аз боздошт раҳо шуд. Додгоҳ Шукуровро ба он гунаҳкор мекард, ки бо маслиҳати пешакӣ бо як гурӯҳ аз пайвандони Зайд Саидов ҳамроҳ шуда, наворбардорӣ намуда, ба талаботи қонунии кормандони милитсия ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ итоъат накардааст.

Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари тими ҳозирҷавобони Тоҷикистон («Сборная КВН Таджикистана»)-ро рӯзи 5-уми декабри соли 2017 прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ — «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз кард. Суди шаҳри Хуҷанд, 11 июли соли 2018 Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Баъди шикоят ба суди вилояти Суғд, 22 августи соли 2018 Мирсаидов пас аз пардохти 124 ҳазор сомонӣ  ба нафъи давлат аз толори суд озод карда шуд.

Хайрулло Мирсаидов

Мирсаидов баъдан ба хориҷи кишвар рафт ва ҳоло дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 16-уми апрели соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Шарифов 28-уми январи соли 2020 боздошт гардид ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигории Тоҷикистон бо пахши изҳорот нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти Далер Шарифов баён карданд ва гуфтанд, ки боздошти ӯ бештар ба фаъолияти журналистиаш рабт дорад.

Вакили дифоъи ӯ гуфта буд, ки ӯро барои таҳияи китобе аз рӯзгори пайғамбари ислом маҳкум карданд.

Дар соли 2021 Мижгона Ҳалимова, хабарнигори мустақилро як оператор-нозири Маркази хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Бонки “Эсхата” дар шаҳри Ваҳдат Хайриддин Шарифзода ба додгоҳ кашида, хостори рӯёндани 50 ҳазор сомонӣ зарари ҷуброни маънавӣ аз ӯ шудааст. Ин корманди бонк Мижгона Ҳалимоваро барои резонидани шанъу шараф ва эътибори корӣ дар як навиштааш ба додгоҳ кашида буд.

Охирин намунаи  ба додгоҳ кашидани  рӯзноманигорону расонаҳо  дар соли 2022, ба додгоҳ кашидани нашрияи “Оила” (ва як равоншинос ба унвони ҳамҷавбгар ) аз сӯйи як сокини ноҳияи Вахш аст, ки қаблан ба таҷовузи ноболиғе гумонбар буд. Ин сокини Вахш 400 ҳазор сомонӣ товон хостааст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик нахустин муҳокимаи додгоҳӣ дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шавад.

Латукӯб ва фишор болои рӯзноманигорон

Дар 10 соли ахир ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди фишору таъқиб ва ҳатто лату кӯби рӯзноманигорон зиёд шуд. Дар бештари маврид ҳолатҳои фишор алайҳи рӯзноманигорон расонаӣ нашуд. Вале дар маҳофили рӯзноманигорӣ ва нишастҳои созмонҳои расонаӣ дар ин маврид гуфтугузорҳои ҷиддӣ матраҳ мешуд.

Далер Шарифов дар соли 2012 лату кӯб шуда буд.

Дар соли 2014 барои худдорӣ аз ширкат дар “ҷаласаҳои шабонаи ҳукумат” Адолат Сайфуллоева, сардабири нашрияи ноҳиявии “Тахти Қубод”, ба иқрори худаш, аз раиси ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназарзода таҳқир шунид. Сайфуллоева дар ин бора ба ниҳоде шикоят набурда, мавзӯъро бо Акбари Саттор, раиси вақти Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон аз тариқи телефон матраҳ карда буд, ки ин ҳам ба раиси ноҳия хуш наомада буд.

Соли 2014 Шабафрӯз, хабарнигори ҳафтаномаи “Набзи Қӯрғонтеппа” низ шикоят карда буд, ки аз сӯи Хоналӣ Қурбонзода, сардори идораи маориф ва илм таҳқир шудааст. Баъди навиштани як муроҷиатнома Қурбонзода аз Шабафрӯз дар ҳузури муовини раиси вилояти Хатлон узрхоҳӣ кард.

Як сол пеш аз соли 2012, дар моҳи августи соли 2011 Хуршеди Атовулло, феврали соли 2011 Ҳикматулло Сайфуллозода – сардабири нашрияи феълан чопаш мамнӯи “Наҷот” (нашрияи ҳизби ҳолои мамнуи Наҳзати исломии Тоҷикистон), ки худ ҳоло дар маҳбас қарор дорад ва 7 майи соли 2012 Далер Шарифов, ки соле пеш аз зиндон озод шуд ва он вақт хабарнигори телевизиони давлатии “Сафина” буд, мавриди лату кӯби шахсони номаълум қарор гирифтанд, ки то ҳол омилони қазияҳои онҳо маълум нашудаанд.

Соли 2013 сухангӯйи Кумитаи гумрук Абдураҳими Умариён  ва моҳи сентябри соли 2016 Доро Суҳробӣ хабарнигори таҷрибаомӯзи нашрияи “Фараж” низ лату кӯб шуданд.

Пурсарусадотарин қазияи латукӯби рӯзноманигорон қазияи Абдулло Ғурбатӣ, хабарнигори навшрияи “Азия-Плюс” мебошад. Субҳи 29 майи соли 2020 вақте Ғурбатӣ мехост дар бораи оилаҳои аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон гузориш омода кунад, аз ҷониби шахсони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифт.

Мақомот Ғурбатиро ба он айбдор мекарданд, ки бар хилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо ворид шудааст.

Рӯзи 2 июни соли 2020 суди ноҳияи Хуросон се ҳамлагар ба Абдуллоҳ Ғурбатиро ба майдаавбошӣ гунаҳкор дониста ҳар кадоме ба маблағи 10 нишондиҳандаи ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима кард.

Ин ҳамлаи дуюм ба рӯзноманигор буд. Шоми 11-уми майи ҳамон сол Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор бо моддаи авбошӣ парванда боз кард, вале то ба ҳол гунаҳкорон дарёфт ва муҷозот нашудаанд.

Рӯзи 4-уми марти соли 2021 хабарнигорони Радиои Озодӣ – Муллораҷаб Юсуфӣ ва Шаҳло Абдуллоева дар маҳаллаи 33 шаҳри Душанбе низ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи афзоиши нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ҳадафи ҳамла ва зарбулати кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Соро Ойл" қарор гирифтанд. Рӯзноманигорон ба мақомот муроҷат карданд ва онҳо он мавриди тафтиши пулис қарор гирифт.

Дар ин даврон дар Тоҷикистон сайти аксари расонаҳои фаъол, аз ҷумла хабаргузориҳои "Азия-Плюс", "Озодагон" ва Радиои "Озодӣ" борҳо масдуд шуд. Аз ҷумла сайти хабаргузории "Озодагон" аз моҳи сентябри соли 2015 то замони қатъи фаъолият кардани ин расона (2018) масдуд буд, ки мақомот ҳеч гоҳе расман напазируфт, ки ин расонаро масдуд кардаанд. Сайти хабаргузории "Азия-Плюс" аз 28-уми ноябри соли 2018 то кунун баста аст ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба дархости хаттии идораи расона посух дод, ки ин сайтро набастааст. Вале дар Тоҷикистон ба ин сайт бидуни VPN ё филтершиканҳо ворид шудан имкон надорад. Ҳамчун сайти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон сари чанд вақт масдуд мегард. 


Ҳамчунин пас аз соли 2015 ба ин сӯ, хабарнигорони зиёди Радиои "Озодӣ" дар Тоҷикистон барои дарёфти иҷозатномаи кор ё акрредитатсия мушкил доранд ва теъдоди зиёде аз онҳо иҷозатнома дода нашуд.

Дар тайи ин муддат алайҳи рӯзноманигорони алоҳида, соҳибрасонаҳо ва дигарандешон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, чи дар расонаҳои давлатӣ ва чи дар шабакаҳои ичтимоӣ ва ҳатто дар бархе аз нашрияҳои хусусӣ низ навиштаҳои зиёде пур аз тавҳину таҳмат нашр мешуд. Аксари ин навиштаҳо бо номи матолиби "Фабрикаи ҷавоб" маъруф шуданд.

Тағйирот дар қонунгузорӣ

Соли 2012 барои рӯзноманигорон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон аз тағйироти мусбат оғоз шуд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик, дар суханронияш эълон кард, ки моддаҳои таҳқиру туҳмат дар Тоҷикистон ғайриҷинойӣ карда мешаванд ва аз Кодекси ҷиноятӣ ба Кодекси гражданӣ кӯчонда мешаванд. Ин тағйирот натиҷаи талоши чандинсолаи ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон буд, ки борҳо ба ҳукумат ва порлумон дар мавриди ғайриҷиноӣ кардани ин моддаҳо пешниҳод дода буданд.

Соли 2013 (19-уми март) баъд аз муҳокимаву баррасиҳои тӯлонии сесола қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” дар таҳрири нав қабул шуд. Ин қонун ҳатто марҳилаи барои порлумони мо бесобиқа - муҳокимаи порлумонӣ бо ҳузури рӯзноманигоронро ҳам пушти сар гузошт. Барои таҳияи қонун, пас аз сарусадоҳои эҷодшуда гурӯҳи корие аз ҳисоби вакилони порлумон ва рӯзноманигорону ҳуқуқшиносони расонаӣ таъсис шуд. Ин қонун, ки қонуни асосии танзимкунандаи фаъолияти журналистӣ ва расонаҳо дар Тоҷикистон мебошад, пас аз талошҳои ҷомеаи журналистӣ ба фарқ аз қонунҳои қаблӣ чанд бартариеро ҳам соҳиб шуд.

Аз ҷумла ба назари Қироншоҳ Шарифзода, раиси созмони “Журналист” ва яке аз аъзои гуруҳии кории таҳияи ин қонун, чанд масъала дар он усулан тағйир ёфтанд: шарҳи мафҳумҳои асосӣ (моддаи 1), ҳуқуқ ба раддия (19), ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот (23), ҳифзи сарчашмаи ахбор (27) ва ҳуқуқҳои журналист (28).

Ин қонун баъзе сабукиҳои дигар, аз ҷумла кам кардани муҳлати пешниҳоди маълумот ба дархостҳои рӯзноманигорӣ, вокуниш ба матолиби таҳлиливу танқидии расонаҳоро низ дод.

Аз соли 2012 қаблтар, ду ташаббуси раисҷумҳур: яке баргузор кардани нишастҳои матбуотии шашмоҳа (дар ибтидо семоҳа) аз сӯйи мақомоти давлатӣ ва дигаре фармони маъруф ба 622 дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба матолиби таҳлиливу танқидии расонаҳо низ, ҳамчун падидаи мусбат истиқбол шуданд.

Дар баробари ин, ба бархе аз қонунҳои соҳавии дигар, аз ҷумла “Дар бораи телевизиону радиошунавонӣ”, “Дар бораи реклама” низ тағйироти ҷузъӣ ворид шуд.

Аммо талоши ҷомеаи рӯзноманигорӣ барои бекор кардани додани Иҷозатномаи фаъолият ба радиоҳову телевизионҳои хусусӣ аз сӯйи Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, ки худ яке аз бозигарони фаъоли фазои иттилоотӣ аст, то кунун натиҷае надодааст.

Дар соли 2020, дар пайи сар задани хуруҷи вируси куруно дар дунё, моҳи июн дар Тоҷикистон тағйироти дигаре дар мавриди нашри иттилооти бардурӯғ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ворида карда шуд. Дар моддаи 374 (1) паҳн кардани маълумоти бардурӯғ манъ карда мешавад. Аз ҷумла, дар ин модда барои ду амал ҷазо пешбинӣ шудааст:  “Барои бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, интернет ё шабакаҳои дигари алоқаи барқӣ паҳн намудани маълумоти баръало бардурӯғ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии беморие, ки барои инсон хавфнок аст, ё ин ки ҳангоми амалигардонии чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантинӣ ва ё дар бораи тарзу усулҳои ҳифз ва чораҳои дигари вобаста ба таъмини амнияти аҳолӣ андешидашаванда, ки дар онҳо иттилооти аз ҳақиқат дур ҷой дорад,- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Пас аз соли 2015, дар Тоҷикистон барои дубора аз қайди давлатӣ гузаронидани расонаҳо дар Вазорати фарҳанг, овардани як маълумотномаи дигар аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон талаб мешавад, ки  дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст ва то кунун ҳам намунаи ин маълумотномаро ҳеч расонае дарёфт накардааст.

Ин тағйирот нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба дунбол дошт ва ҳатто дар соли 2021 дар гузориши ҷаҳонии озодии баён он ҳамчун омили маҳдуд кардани озодии баён зикр шуда буд. Ин моддаҳоро ҳамчун талоши пешгирии мақомот аз нашри омори воқеии гирифторони бемории вируси куруно маънидод мекарданд.


Тарки кишвар кардани рӯзноманигорон

Баъд аз зиёд шудани фишору таъқиб алайҳи расонаҳо ва рӯзноманигорон дар 10 соли ахир шумораи қобили мулоҳизае аз рӯзноманигорони тоҷик ё тарки соҳа карданд ё тарки кишвар. Мавҷи тарки кишвар кардани рӯзноманигорон ба давраи баъд аз соли 2015 рост меояд.

Аз ҷумла пас аз қазияҳои додгоҳӣ, ҷарима ва фишору таъқибҳо ва ё номусоид шудани шароити кор рӯзноманигороне чун Хайрулло Мирсаидов, Ҳумайро Бахтиёр, Саймуддин Дӯстов, Фаридуни Раҳнавард, Зафари Сӯфӣ, Исфандиёри Назар, Ҳикматёри Ҳикматзод ва чандеи дигар дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуданд. Бархеи дигар дар дохили кишвар тарки пеша карда, қисме ба муҳоҷират рафтанд ва қисми дигар самти кори худро дар кишвар тағйир доданд.

Чун аз соли 2009 ба ин сӯ Тоҷикистон мақоми худро дар радабандиҳоии байналмилалии озодии баён аз даст дод ва ҳамчунин дар дохили кишвар расонаҳои ҷиддиву таъсиргузор, зери омилҳои гуногун кори худро қатъ карданд ва шикоятҳо аз фишору таъқибҳо зиёд шуд, ин давраро дар муқоиса бо солҳои қабл аз соли 2009, соҳибназарон давраи рукуди озодии баён меноманд. Ҳарчанд дар давраи то соли 2009 низ вазъи озодии баён дар Тоҷикистон чандон хуб набуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.