Ҳафтаи гузашта махсусан аз рӯйдодҳои дипломатӣ: вохӯриҳо, конфронсҳои сатҳи баланд, сафарҳои ҳайатҳои расмӣ ва сиёсатмадорон ва изҳороти ҳангомадор пурбор буд. Биёед бубинем, ки ин ҳама ба мо чӣ гуна таъсир мерасонад.
Ба ҳар гунае, шиддат гирифтани фаъолияти дипломатии имрӯза дар сатҳи олӣ ба ҷанги Русияву Украина ва мухолифати афзояндаи Ғарб ва Русия марбут аст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар оғози баҳор бозигарони асосии геополитикӣ як навъ таваққуфи дипломатӣ гирифтанд - ва ба эҳтимоли зиёд, пас аз он, бархӯрди ҳарбию сиёсӣ ва иқтисодӣ байни онҳо бо нерӯи тоза авҷ мегирад.
Ва ҳар қадр минбаъд ин мухолифат вусъат ёбад, таъсири он ба манфиатҳои ҳарчи бештар кишвару минтақаҳо ва дар навбати аввал, ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дахл мекунад.
Сафари котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Осиёи Марказӣ
Дар ин росто, яке аз мавзӯъҳои аслии байнулмилалӣ дар фазои пасошӯравӣ сафари расмии ахири вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон буд. РБК менависад, ки Блинкен аз ин минтақа "дар пасманзари солгарди ҷанги Русия дар Украина ва фишоре, ки иқтисоду ҷомеъаҳои ин қисмати ҷаҳон зери он қарор гирифтанд", боздид кардааст.
Тавре ки “Садои Амрико” (Голос Америки) иттилоъ медиҳад, дар ҳар ду пойтахт Блинкен бо шахсони мансабдори воломақом - президенти Қазоқистон Қрсим-Ҷомарт Тоқаев ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дидору гуфтушунид кард.
Дар шаҳри Остона ӯ дар қолаби "5+1" - кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷамъи ИМА - вохӯрии взирони корҳои хориҷиро баргузор намуд.
Ин қолаб соли 2015 роҳандозӣ шуда, ба он 5 кишвари минтақа (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ва ИМА шомиланд. Дар қолаби C5+1 чор вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ доир гардидааст.
Маъмулан рӯзномаи вохӯрӣ се самти асосӣ - иқтисод, энергетика ва муҳити зист ва амниятро дар бар мегирад.
Аммо зоҳиран ҷанг дар Украина яке аз мавзӯъҳои аслии баҳсу табодули афкор буд - ҳам дар чорабиниҳои кушоду расмӣ ва ҳам дар шакли пӯшида.
Тавре ки “Садои Амрико” хабар медиҳад, Доналд Лу, ёвари котиби давлатии ИМА дар ин робита изҳор доштааст, ки Русия ба кишварҳои минтақа зиёд фишор меорад. Вай ваъда додааст, ки ИМА ба кишварҳои минтақа дар густариши равобити тиҷорӣ (диверсификатсия) ба манзури коҳиши вобастагии онҳо аз Русия кумак хоҳад кард.
““ИМА ба кишварҳои шарики Русия хисорот бар асари таҳримҳоро ҷуброн хоҳад кард. Азбаски тамоми кишварҳои минтақа ба ин ё он ҷиҳат ба равобити тиҷоратӣ бо Русия вобастаанд, таҳримҳои зидди Русия ба иқтисоди ин кишварҳо низ зарба заданд. Дар ИМА онҳо инро мефаҳманд ва ваъда медиҳанд, ки оқибатҳои онро ҷуброн мекунанд”, - иброз доштааст дар Остона котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен, хабар медиҳад Orda.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми кумаки дар доираи ин сафар ҷудокардаи ИМА хеле хоксорона аст - ҳамагӣ 25 млн доллар ва дар партави хисороте, ки кишварҳои минтақа бар асари таҳримҳо ва ҷанги иқтисодӣ байни Русия ва Ғарб мебинанд, ин маблағ бештар рамзӣ ба назар мерасад.
Ба эҳтимоли зиёд, сафари Блинкен ба нигаронии возеҳи ИМА дар робита ба талошҳои эҳтимолии Русия ҷиҳати истифода аз кишварҳои минтақа барои канорагирӣ аз таҳримҳо - ҳам барои воридоти маҳсулоти таҳримшуда ва ҳам барои содироти нафту газ сурат гирифтааст.
Тавре ки Азаттык хабар медиҳад, соли 2022 Русия ҳаҷми савдои дуҷонибаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бамаротиб зиёд кард.
Ба навиштаи нашрия, ин ҷо аслан сари содироти дубора (реэкспорт) сухан меравад - вақте ки кишварҳои минтақа аз дигар кишварҳо техника, таҷҳизоти электронӣ ва қисмҳои онро ворид намуда, сипас онро ба Русия содир мекунанд.
Эҳимол дар ИМА бар ин назаранд, ки афзоиши босуръати тиҷорат аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия маҳсулоти таҳримшударо тавассути кишварҳои минтақа ворид мекунад, аз ҷумла интиқоли маҳсулоти таъиноти духела, ки аз ҷониби русҳо метавонанд барои тавлиди силоҳ ва фанновариҳои низомӣ истифода шаванд.
Ба ин тартиб, метавон тахмин кард, ки сафари Блинкен метавонад як навъ ёдоварӣ ва ҳушдор барои кишварҳои минтақа дар бораи имкони эълони таҳримҳои дуюмдараҷа алайҳи онҳо (ё ба ширкатҳои маҳаллӣ) барои кумаки эҳтимолӣ ба Русия дар канорагирӣ аз таҳримҳо бошад.
Дар ҳамин ҳол, Лу махсусан таъкид кард, ки: "Мо аз кишварҳо талаб намекунем, ки миёни мову Русия ва ё миёни мову Чин интихоб кунанд", хабар медиҳад “Садои Амрико”.
Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни сафар мавзӯи Чин низ матраҳ шуд - дар нишасти матбуотӣ дар Остона, аз ҷумла, Блинкен, аз ҷумла, бори дигар Чинро дар бораи ғайриқобили қабул будани интиқоли силоҳу муҳимоти низомӣ ба Маскав ҳушдор дод.
Ба эҳтимоли зиёд, сафари Блинкен то андозае ба мавқеъ ва сиёсатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба бӯҳрони Украина таъсири матлуб хоҳад дошт.
Ба гумон аст, ки воридоти маҳсулоти таҳримшуда ба Русия тавассути ин минтақа комилан қатъ ё ҳатто ба таври ҷиддӣ коҳиш дода шавад; аммо ба ҳар сурат содироти дубораи молҳо шаклҳои кушод нахоҳанд гирифт ва маҳдудиятҳои муайян риоя карда мешаванд, зеро ҳеҷ як аз элитаи маҳаллии сиёстӣ ва соҳибкорӣ ба таҳримҳои дуюмдараҷа дучор шуданӣ нест.
Аз ин рӯ, ҳукуматҳои пасошӯравӣ - ба истиснои раҳбарияти Беларус, ки аллакай чизе аз даст намедиҳад, мавқеъи интизорӣ ва бетарафиро ишғол карда, агар имкон бошад, ҳатто муносибатҳоро ҳам бо Маскав ва ҳам бо Вашингтон нигоҳ медоранд.
G-20: маҳкумияти Русия ва идомаи мухолифат
Пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ Блинкен ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии “Бистгонаи бузург” (G20) ба Ҳиндустон раҳсипор шуд.
Одатан, дар доираи G-20 мушкилоти мубрами ҷаҳонии замони мо, аз ҷумла бӯҳронҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ, оқибатҳои пандемияи ковид, маҳдуд кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва ғайра баррасӣ мешаванд.
Аммо ба навиштаи ВВС, дар соли ҷорӣ масоили марбут ба бӯҳрони Украина ва ҳимоят аз низоми таҳримӣ алайҳи Русия дар мадди аввал қарор гирифтанд.
Тавре ки “Мавҷи Олмон” хотиррасон мекунад, моҳи ноябри соли гузашта аз рӯи натиҷаҳои нишасти G-20 дар Бали кишварҳои иштирокчӣ изҳороти муштараки ҷамъбастӣ қабул намуданд, ки дар он “ҳамлаи Русия ба Украина” маҳкум шуд.
Аммо, он замон ҳам гуфта мешуд, ки дар ҷараёни баррасии низоъ дар мавриди роҳҳои ҳалли бӯҳрон ихтилофоти ҷиддӣ ошкор шудааст.
Аз ҳамаи гуфтаҳои боло бармеояд, ки имсол ихтилофҳо дар бораи буҳрони Украина боз ҳам назаррастар шуданд.
Дар натиҷа, ба далели мавқеъи Русия ва Чин, иштирокчиёни ҳамоиш дар мавриди як баёнияи муштарак дар бораи Украина ба мувофиқа нарасида, танҳо як изҳороти мухтасар аз номи Ҳиндустон, ки раёсатро ба уҳда дошт, қабул карданд. Нарендра Моди, нахуствазири Ҳиндустон, он вақт гуфт, "мо дар замони тақсимоти амиқи ҷаҳонӣ мулоқот мекунем".
Дар ҳамин ҳол, дар моҳҳои охир муносибати интиқодӣ нисбат ба Русия ва бунбасти он ба таври возеҳ зиёд шуд, ки чунин ҳолат дар ин ҳамоиш маълум шуд. Дар матбуоти ҷаҳонӣ видеои суханронии вазири корҳои хориҷии Русия Лавров нашр шуд - вақте ӯ аз ҳамла ба Русия ҳарф зад, дар толор фарпёду садоҳо ва хандаи ҳозирин шунида шуд.
ВВС аз эҳтимол дур намедонад, ки шояд бо ҳамин сабаб Лавров пеш аз вақти муқарраршуда сафарашро ба охир расонида, ҳамоишро тарк кард.
Қобили зикр аст, ки ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ҳошияи нишаст мулоқоти кӯтоҳи Энтони Блинкен ва Сергей Лавров сурат гирифт. Мулоқот ҳамагӣ 8 дақиқа давом кард, ки аз гуфтушунид дида бештар ба табодули ултиматумҳо монанд буд. Гузашта аз ин, қабл аз нишаст мулоқоти расмии байни онҳо пешбинӣ нашуда буд.
Дар ҳар сурат, ҳамаи ин боз як далели дигарест, ки ҷонибҳо аллакай дар бораи мавқеъи худ тасмим гирифтаанд ва аслан, чизе барои сӯҳбат надоранд.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши ТАСС, дар солгарди оғози “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина Маҷмаи Умумии СММ ба тасвиби қатъномае раъй дод, ки дар он даъвати “хотимаи ҷанг” ва аз Русия талаби хуруҷи неруҳо аз Украина садо дод. Онро 141 кишвар дастгирӣ ва 7 давлат мухолиф овоз дода, 32 кишвар худдорӣ варзиданд. Дар миёни афроде, ки аз раъйгирӣ худдорӣ карданд, чаҳор нафар ширкаткунандагони С5+1 - Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон буданд. Туркманистон аз ҷумлаи онҳое буд, ки раъй надоданд.
Сафари Мишустин ба Тоҷикистон
Дарҳол пас аз анҷоми сафари Энтони Блинкен ба минтақа, нахуствазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон сафари дурӯза анҷом дод. Зимни сафар Мишустин бо раҳбарияти кишвар мулоқотҳо анҷом дода, ҳамчунин дар конфронси 9-уми ҳамкориҳои байниминтақавӣ «Шарикии тиҷоратӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон» иштирок кард.
Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни сафар 9 созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид; 20 лоиҳаи шарикӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳамкориҳои минтақаҳои ду кишвар ва сайёҳӣ.
Русия ҳамчунин пешниҳод кард, ки Фонди сармоягузории ду кишвар таъсис дода, шумори корхонаҳои муштарак зиёд ва дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолона кор кунанд.
Чунин ба назар мерасад, ки сафари Мишустин бахше аз талошҳои умумии Русия барои густариши фаъолиятҳои сиёсати хориҷии худ дар кишварҳои пасошӯравӣ дар Осиёи Марказӣ аст.
Ҳамин тавр, дар охири соли гузашта Мишустин ба Ӯзбекистон ва дар аввали феврали соли 2023 ба Қазоқистон сафар карда буд. Тавре «Независимая газета» менависад, «таваҷҷуҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пайдо шуд. Дар натиҷа Маскав самти муносибатҳои беруниро ба куллӣ тағйир дода, онҳоро аз ғарб ба шарқ ва ҷанубу шарқ кӯчонид».
Маҳз дар ҳамин самтҳо (ҷануб ва ҷанубу шарқ) Русия татбиқи асосии сармоягузориҳои ояндаи худ ва роҳи эҳтимолии раҳоӣ аз бунбасти геополитикӣ ва иқтисодиро мебинад.
Дар ҳоле, ки воқеан барои манбаъҳои энергетикии Русия роҳ ба бозори аврупоӣ баста шуд, таҷдиди самт ба ҷануб ва эҷоди долонҳои нави фаромарзӣ барои иқтисоди Русия аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Ба ин тартиб, аз сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон тасмимҳои такондиҳанда дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро интизорӣ доштанд, чуноне ки Семён Григорев, сафири Русия дар Душанбе дар остонаи сафари нахуствазири Русия изҳор дошта буд.
Григорев дар мусоҳиба бо РИА Новости ёдовар шуд, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан сармоягузориро "бузургтарин масъалаи ҳалношуда дар равобити дуҷониба" номида буд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон барои сафари Мишустин рӯйхати 50 корхонаеро таҳия кард, ки омодаанд дар сармоягузорӣ бо Русия ҳамкорӣ кунанд.
Тавре ки “Независимая газета” менависад, Душанбе мехоҳад таъмиру навсозии корхонаи алюминиии ТАЛКО-ро, ки пеш аз сафари Мишустин ҳайати Русия таҳти сарварии Максим Решетников аз он дидан карда буд, идома диҳад.
Аммо гарчанде ки натиҷаҳои сафар комилан мусбатанд, вале онҳоро пешрафт ё марҳиласоз номидан душвор аст. Аксари созишномаҳои имзошуда (масалан, созишномаи байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии Русия «Опора России» дар соҳаи муҳоҷират) хусусияти маҳаллӣ доранд ва миқёсу хусусияти сармоягузории Русияро дар Точикистон ба таври куллӣ тағйир намедиҳанд.
Ва ин комилан фаҳмост - дар шароити феълӣ Русия барои татбиқи сиёсати васеъмиқёс ва дарозмуддати сармоягузорӣ дар минтақа захираҳо надорад. Амалиёти низомии баробар ба миқёс ва давомнокӣ дар Украина аз Маскав тақозо мекунад, ки тамоми имконоти молӣ ва логистикиро дар самти Аврупо сафарбар кунад.
Аз ин рӯ, Русия имрӯз имкон надорад, ки як худаш ба лоиҳаҳои бузурги сармоягузории дарозмуддат дар хориҷа маблағгузорӣ кунад. Ва ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии Русия дарк мекунад, ки "аз ҷониби ИМА ва сохторҳо ва давлатҳои таҳти назорати он ба шарикони стратегии мо чӣ гуна фишори бесобиқа расонида мешавад", аммо Русия дар ҳоли ҳозир захираҳои кофӣ барои густариши ҷиддии иқтисодӣ дар Осиёи Марказии пасошӯравӣ надорад.
Тавре ки хабаргузории Спутник меависад, дар пасманзари ин набардҳои дипломатӣ ба Душанбе омадани ҳайати конгрессменҳои Амрико ва мулоқоти онҳо бо Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки аз ҳукумати пешини Афғонистон намояндагӣ мекунад, тақрибан бетаъсир монд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорони рус ба баъзе сабабҳо сафири Афғонистонро намояндаи “давлати вуҷуднадошта” номиданд, ҳарчанд Русия то ҳол ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст.
Аз ин рӯ, ба қудрат омадани Толибон низ қонунӣ ҳисобида намешавад ва аз нигоҳи қонунгузории Русия маҳз мақомоти феълии Афғонистон бояд “давлати вуҷуднадошта” дониста шаванд.
Воқеан, мулоқоти конгрессменҳои амрикоӣ бо сафири Афғонистон умуман маънои онро надорад, ки ИМА ҳоло аз нерӯҳои муқовимати зидди Толибон дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад. Фикри гурӯҳ алохидаи конгрессменхо ҳатман мавқеи ҳукумати ИМА-ро инъикос намекунад ва вохӯрии онҳо бо сафир ғайрирасмӣ сурат гирифта, хусусияти шиносоӣ дошт.
Аммо пешниҳоди мавод аз Спутник аз он шаҳодат медиҳад, ки Маскав воқеан бештар ба сӯи Толибон майл мекунад, бо ин ҷунбиш робитаҳои ғайрирасмӣ барқарор намуда, амалан барои эътирофи ҳукумати нави Афғонистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшишҳо мекунад.
Сафари Лукашенко ба Чин - бо паём аз Путин?
Дар ҳамин давра, аз 28 то 2 март сафари серӯзаи президенти Беларус Александр Лукашенко ба Чин дор гардида, дар он ҷо ӯ бо сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кэтсян ва раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпин дидору гуфтушунид кард.
Дар ҷараёни сафар тарафҳо дар соҳаи савдо ва иқтисод як қатор созишномаҳо имзо карданд; ба гуфтаи ҳукумати Беларус, самараи умумии иқтисодии ин созишномаҳо бояд беш аз 3,5 млрд доллар шавад.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Русия ва Беларус бар ин назаранд, ки дастоварди аслии Лукашенко на иқтисодӣ, балки геополитикӣ аст. Аз ҷумла, “Мавҷи Олмон” менависад, сафар ба Пекин барои Лукашенко, ки ду соли ахир дар инзивои байналмилалӣ қарор дошт, як муваффақияти бузурги геополитикӣ аст.
Аммо комилан имкон дорад, ки ҳадафи аслии сафари Лукашенко баррасии тарҳи сулҳи иборат аз 12 банд буда метавонад, ки Чин чанд рӯз қабл пешниҳод карда буд.
Барои ин Ван И роҳбари кантселярияи комиссияи корҳои хориҷии КМ Ҳизби коммунисти Чин охири моҳи феврал махсус аз Маскав боздид намуд.
Дар ҳоле, ки Ғарб ва Украина ба пешниҳодҳои Пекин шубҳа доштанд, Маскав ба он муносибати бештар некбинона дошт.
Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро нақшаи сулҳи Чин, воқеан, боздоштани муноқиша, яъне ба муддати номуайян дар мавқеъҳои ишғолкарда қарор доштани Русияро пешниҳод мекунад, ки ин бештар ба манфиати Кремл ҷавобгӯ аст.
Мутаносибан, бино ба гузориши “Мавҷи Олмон”, теъдоде аз коршиносон пешниҳод кардаанд, ки Лукашенко воқеан дар ин ҷо нақши “сафири Маскав”-ро иҷро карда, пешниҳодҳои мутақобилаи раҳбарияти Русияро ба Пекин расонидааст. Дар ин робита, менависад хабаргузории AIF, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл маҷбур шуд изҳороти вижае кунад, ки "Владимир Путин тавассути раҳбари Беларус Александр Лукашенко ба мақомоти Чин ҳеҷ паёме нарасондааст".
Дар ҳамин ҳол, таъйиди ғайримустақими ин фарзия, ки ҳадафи аслии сафари Александр Лукашенко баррасии тарҳи сулҳи Чин будааст, худи раисиҷумҳури Беларус - ё дурусттараш як қатор изҳороти расмии ӯст.
Аз ҷумла, Лукашенко дар ҷараёни сафараш ба Чин изҳор дошт, ки аз “нақшаи сулҳ”-и Чин барои Украина комилан пуштибонӣ мекунад. Вай баёни мавқеъи Пекин дар мавриди Украинаро "далели сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва инчунин як иқдоми наву мустақиле, ки барои тамоми ҷаҳон паёмадҳои густарда хоҳад дошт", унвон кард.
Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки имрӯз "ҳеҷ як мушкили ҷаҳон бидуни Чин ҳал намешавад".
Бо вуҷуди ин, ахиран мо мебинем, ки нақши Чин дар фазои пасошӯравӣ бештар зиёд шуда, акнун танҳо бо иқтисод ва молия маҳдуд намешавад. Бӯҳрони Украина аз ин лиҳоз барои Чин сабабе шуд, ки нақши пешбарии худ дар Авруосиёро ҳамчун яке аз бозигарони калидии геополитикӣ таъкид кунад.
Акнун ҳам кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳам "Ғарби дастаҷамъӣ" маҷбуранд, ки ба ин ё он дараҷа стратегия ва иқдомҳои минбаъдаи худро бо Пекин ҳамоҳанг созанд. Аз ҷумла, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, нақша дорад, ки дар аввали моҳи апрел ба Чин равад, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел барои сафар ба Чин омодагӣ мебинанд.