Як сокини 33-солаи шаҳри Конибодом барои бастани ақди никоҳ бо духтари ноболиғи 17-сола ва як марди 39-сола барои сироят кардани зан бо ВНМО боздошт кардаанд. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Б.К., сокини Конибодом як сокини 17-солаи ноҳияи Рӯдакиро дидаю дониста, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, дар хонааш никоҳ кардааст.
Айни замон нисбати Б.К барои бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст (моддаи 169), парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) то 5 соли ҳабсро пешбинӣ мекунад.
Акбари Шариф, ҳамчунин иттилоъ дод, ки як марди 39-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро, ки ба бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) гирифтор буд, барои сироят кардани як зани 29-солаи шаҳри Истаравшан боздошт шудааст.
Ин мард дидаву дониста бе риояи қоидаҳои бехатарӣ бо як зани 29-сола алоқаи ҷинсӣ намуда, занро зери хавфи сироят ба ВНМО гузоштааст. Ин ҳодиса 9 июн рух додааст.
Айни замон нисбати сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов барои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум кардан аз озодиро ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ намудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста