Дар шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Эрлан Абдилдаев, сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, дар бораи “об, роҳҳои чорвогузар ва дигар муаммоҳои марзӣ” сӯҳбат намудаанд. Дар ин бора Музаффар Юнусзода, сухангӯи раиси вилояти Суғд иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22-юми июн Эрлан Абдилдаевро, ки бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдои “Суғд-2023” ба вилояти Суғд рафта буд, ба ҳузур пазируфт.
“Раиси вилоят бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон дар робита ба мушкилот ва муаммоҳои марзие, ки дар натиҷа боиси ба вуҷуд омадани муноқишаҳо гардида буд, сӯҳбат карданд. Аз ҷумла, дар бораи тақсими баробари об ва роҳҳои чорвогузар дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳамсӯҳбат шуданд”, - гуфт Музаффар Юнусзода.
Сухангӯи раиси вилояти Суғд афзуд, ки онҳо зимни сӯҳбат омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба ва муносибатҳои дӯстона изҳор доштанд.
Ӯ таъкид кард, ки “Раҷаббой Аҳмадзода ва Эрлан Абдилдаев аз фаъолияти гурӯҳи кории муштарак, ки барои ҳалли низоъҳои марзӣ таъсис шудаанд, ихзори хушбинӣ намуданд”.
Ба гуфтаи Музаффар Юнусзода, ин мулоқоти аввалини раиси вилояти Суғд бо сафири фавқулода ва мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон буд, ки бо баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо ба охир расид.
Бояд гуфт, ки истифода ва дастрасӣ ба об яке аз омилҳои аслии низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон давоми солҳои охир будааст.
Имсол низ бо оғози мавсими кишт баҳси истифодаи об дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки даҳсолаҳо давом дошта, боиси муноқишаҳои хунин низ гаштааст, доғ гардид. Сокинони маҳалҳои наздимарзӣ шикоят мекунанд, ки мушкил ҳалли худро наёфтааст. Мақомот аз идомаи баррасии ин масъала мегӯянд.
Барои ҳалли “масъалаи об” мақомоти ду кишвар дар гузашта ҳам мулоқотҳо доштанд ва ҳоло низ вохӯриҳо мегузаронанд, аммо самараи ин дидорҳо ба ҷуз “дар истифодаи якҷои об ба мувофиқа расидем” беш нест.
Аз ҷумла, дар мулоқоти охире, ки рӯзи 24-уми майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Қирғизистон бо ширкати раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд баргузор гардид, “бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид”.
Дар мулоқоте, ки рӯзи 2-юми майи соли ҷорӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара доир гардид, “ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуданд”.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми ду соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ду муноқишаи пурхушунат ва пурқурбонӣ рух дод.
Ду кишвар беш аз 980 километр сарҳад доранд, вале солҳо боз зиёда аз сесад километри онро таъйину нишонагузорӣ карда наметавонанд.
Ахиран Александр Лукашенко, раисиҷумҳурии Беларус пешниҳод кард, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) барои ҳалли низои сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон даст ба кор шавад.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста