Рӯзи 29 август дар Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ баргузор шуда, дар ҷараёни он масоили ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ки ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, пас аз мулоқот даври сеюми машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин доир гардид.
Гуфта мешавад, зимни машваратҳо миёни ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, ҳуқуқӣ, фарҳанг, илму маориф ва тандурустӣ, инчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми машваратҳои сиёсӣ баимзорасонии санадҳои зерин баргузор шуд:
- Протоколи машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Давлати Фаластин;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ;
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.
Дирӯз дар Душанбе бинои сафоратхонаи Давлати Фаластин дар Тоҷикистон боз шуд, ки дар суроғаи кӯчаи Л.Толстой, 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ воқеъ аст.
Қаблан вазифаҳои сафорати Давлати Фаластин дар Тоҷикистон ба дӯши намояндагии дипломатии ин кишвар дар Тошканд вогузор шуда буд.
Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Дар як сол ба “Телефони боварӣ” барои муҳоҷирон қариб 2 ҳазор муроҷиат ворид шудааст
Бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Оҷонсии иноватсия доданду “Тоҷикистон”-у “Харбуза”-ро то ҳол нафурӯхтаанд
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста