Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - ИМА (С5+1), ки қарор аст 19 ё 20-уми сентябр дар Амрико баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз Хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Онҳо таъйид карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинӣ, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ баргузор мешавад, аз ҷониби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден даъват шудааст.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ин сафар дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунад.
Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи ин манбаъ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 18 то 21-уми сентябр дар Амрико хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки қолаби “Осиёи Марказӣ – ИМА” (С5+1) як платформаи муколама ва талошҳои муштараки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Он пас аз ҷаласаи нахустини вазирони корҳои хориҷӣ дар Самарқанд, дар моҳи ноябри соли 2015 таъсис ёфт. Ва пеш аз ин, онҳо дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешуданд. Ин маротибаи аввал аст, ки мулоқоти мазкур дар сатҳи президентҳо доир мешавад.
Бахшҳои асосии баҳс дар доираи ин ташаббус амният, иқтисод ва экология мебошанд.
Нишасти охирини вазирони корҳои хориҷӣ дар шакли “С5+1” рӯзи 28 феврал дар Остона баргузор шуд. Он замон ҷонибҳо тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодиро ҳам миёни кишварҳои минтақа ва ҳам бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд.
Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Дар як сол ба “Телефони боварӣ” барои муҳоҷирон қариб 2 ҳазор муроҷиат ворид шудааст
Бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Оҷонсии иноватсия доданду “Тоҷикистон”-у “Харбуза”-ро то ҳол нафурӯхтаанд
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста