Дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ, ки имрӯз, 18 октябр доир гардид, масоили муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Гуфта мешавад, ҳарду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.
Аз дигар ҷузъиёти мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар намедиҳад.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш аз ин вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо вазири мудофаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид кард. Мавзӯи асосии мулоқот аз масоили авзои минтақа ва ҷаҳон, ҳолати кунунии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, инчунин нақшаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва рушди техникаи ҳарбӣ иборат буд.
Аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил. Пешниҳод шудааст, ки ҷамъоварии маблағ аз зиммаи БДА гирифта шавад
Дар савдои дуҷониба бо Русия Тоҷикистон қариб пурра ба рубл гузашт
Сафари бароҳат бо як ангуштзанӣ. Чӣ тавр метавон осон ва бо нархи дастрас чиптаи ҳавопаймо харид?
Тоҷикистон дар Шохиси дарки коррупсия дар соли 2024 ҳамагӣ 19 хол гирифт. Ин хуб аст ё бад?
Дар як сол ба “Телефони боварӣ” барои муҳоҷирон қариб 2 ҳазор муроҷиат ворид шудааст
Бинои “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба Оҷонсии иноватсия доданду “Тоҷикистон”-у “Харбуза”-ро то ҳол нафурӯхтаанд
Беш аз 506 млн сомонӣ зарари молиявӣ. Қариб 400 кас ҷарима ва наздикӣ 40 корманд аз вазифа озод шудаанд
Сармоягузорони асосии иқтисоди Тоҷикистон кистанд?
Идомаи моҷарои Таҳмина Самадова дар Русия. Муовини шаҳрдори Митиш боздошт шуд
Беш аз 20 корманди “Амонатбонк” барои изофанависӣ ва азхудкунии маблағҳо аз кор ронда шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста