Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 22 май бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон рафт.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, фарҳанг, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила, директори Агентии содирот, президенти Академияи миллии илмҳо, сардорони хадамотҳои зиддиинҳисорӣ, иҷро ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар доираи сафар Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун, шахсиятҳои маъруф ва шаҳидони ин кишвар дар назди оромгоҳи роҳбари умумимиллии Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, ҳамсари Ҳайдар Алиев Зарифа Алиева ва дар назди гулхани ҷовидони шаҳидони Озарбойҷон гулчанбар гузошта, хотираи неки онҳоро пос дошт.
Ба иттилои хабаргузории давлатии АзерТАг, барномаи расмии сафар имрӯз, 23 май ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки сарвари давлати Тоҷикистон бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев нахуст дар суҳбати хосса ва инчунин дар ҳайати васеъ дидору гуфтушунид мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои бастаи санадҳои дуҷониба дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии гумруки Озарбойҷон, ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо дар соли 2023 каме бештар аз 6 млн доллар ва дар зарфи 4 моҳи соли 2024 зиёда аз 2 млн долларро ташкил дода буд, ки 78% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аст.
Қобили зикр аст, ки президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев моҳи апрели соли 2023 бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид карда, дар доираи ин сафар байни кишварҳо 14 санади ҳамкорӣ дар сорҳаҳои гуногун ба имзо расида буд.
Танҳо бо рақамҳои сабз! Талаботи нав барои соҳибони нақлиёти барқӣ
"Ҳастиаш ҳунар буд". Парда Қосимро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Аз 125 то 1200 сомонӣ. ФФТ қонуншиканҳоро ҷарима кард
Тоҷикистон боз ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст: акнун дигар лимит намешавад?
Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?
Медали тилло ва нуқраи қаиқрони тоҷик дар Чемпионати Осиё
Далер Ҷумъа: 70%-и барқи неругоҳи “Роғун” барои содирот пешбинӣ шудааст
Мақомот боздошти Акбаршо Искандаровро тасдиқ ё рад намекунанд
Парда Қосим, овозхони шинохтаи тоҷик аз олам даргузашт
Субҳон Ҷалилов мудири барномаҳои радиои “Азия - Плюс” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста