Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис ва муовинонаш аз нав интихоб мешаванд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси кунунии ҳизб ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Пештар аз ин як манбаи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҲСТ рӯзи 23-юми июл анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис бо муовинонаш барканор мешаванд ва номзадҳои нав пешбарӣ хоҳанд шуд.

Абдуҳалим Ғаффаров дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” хабарро тасдиқ кард, ки рӯзи 23-юми июл дар анҷумани ғайринавбатӣ аз раисии ҲСТ канор меравад.

“Ман дар анҷумани ғайринавбатӣ ширкат меварзам ва боз номзадиамро ба раисии ҲСТ пешниҳод мекунам”, - таъкид кард Ғаффоров.

Аммо на манбаи мо ва на Абдуҳалим Ғаффоров сабаби баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ва омили барканоршавии раис ва муовинонашро шарҳ надоданд.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ба курсии раис ва муовинони ҳизб боз киҳо номзад ҳастанд.

Абдуҳалим Ғаффоров аз соли 2004 инҷониб раиси ҲСТ аст ва 3 бор дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 номзад ба курсии президенти Тоҷикистон буд.

Макони баргузории анҷумани ғайринавбатӣ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода интихоб шудааст ва он соати 9:00 оғоз хоҳад шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 20-уми июл Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон (ҲИИТ) ҳам анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд. Аммо аз ҲИИТ мегӯянд, ки дар анҷумани ғайринавбатӣ масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст.

Бояд гуфт, ки баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст.

Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.

Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.