Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ки аз 4-уми майи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Насреддин Исматулло, ки то кунун муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъин шуд. Насреддин Исматулло аз январи соли 2024 муовини яукми вазири корҳои хориҷӣ буд.
Ҳарчанд Абдуҷаббор Раҳмонзода бо баҳонаи "ба кори дигар гузаштан" аз вазифа озод шуд, аммо то ҳол маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъин шудааст.
Ба курсии муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Ҳамрализода, ки охири ҳафтаи гузашта аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар ИМА озод шуд, таъин карда шуд. Ҳамрализода аз соли 2020 сафири Тоҷикистон дар ИМА буд ва ҳафтаи гузашта ин курсиро барои Завқӣ Завқизода, ҳамакнун вазири пешини рушди иқтисод, холӣ кард.
Бо тағйироти кадрие, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифт, муфассал дар маводи "Завқӣ Завқизода аз мансаби вазири рушди иқтисод озод ва сафир дар Амрико таъин шуд. Боз киҳо аз вазифа озод шуданд?" мутолиа кунед.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста