Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафири тозатаъиншудаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ Абдулатиф Аҳмедов масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Пас аз мулоқот дар нишасти матбуотӣ дипломати қазоқ таъкид сохт, ки муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба бар асоси дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ташкаккул ёфтаанд.
Сафири тозатаъин аз Э.Раҳмон барои иштирокаш дар ҷашнҳои таҷлили 10-умин солгарди шаҳри Остона ва сафари расмиаш ба Қазоқистон дар моҳи май изҳори миннатдорӣ намуда, арз дошт, ки тайи панҷ соли ахир ҳаҷми маблағҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо 5 баробар афзуданд.
Ба қавли сафир, соли 2007 муомилоти молии дуҷониба аз 300 млн. доллари амрикоӣ зиёдтар шудааст. «Қазоқистон хостори иштирок дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин гувоҳи он аст, ки минбаъд низ ҳаҷми маблағҳо бештар хоҳанд шуд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки миёни кишварҳо ба миқдори 100 млн. доллари амрикоӣ Фонди сармоягузории муштарак таъсис дода шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.
Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки дар мулоқот масоили омодасозии боздиди расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз Тоҷикистонро низ муҳокима гардид, ки ба назари ӯ, ҷиҳати рушду тавсиаи муносиботи минбаъда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
А.Аҳмедов ёдовар шуд, ки соли равон қабули 100 нафар донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Қазоқистон пешбинӣ шудааст ва ин шумора низ ҳадди ниҳоӣ нест. Зимни посух ба суол бобати иштироки Қазоқистон дар сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, сафир арз дошт, ки «албатта, кишвараш хостори ширкат дар онҳост, вале ҷузъиёти ин ҳамкории афзалиятнокро бояд тоҷирони кишварҳо муҳокима намоянд».
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста