Конибодом. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Раиси вилоят фаъолияти раёсати кишоварзии ноҳияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.
Ӯ ташкили гузаронидани кишти такрорӣ, норасоиҳои тайёр кардани боғоту ангурзорҳои нав, истифодаи нокифояи қитъаҳои замин ва роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин соҳа, кам шудани саршумори чорво, коҳиш ёфтани истеҳсоли тухм, гӯшт, пашм ва зироати ғалладонаро аз камбудиҳои асосии кишоварзони ноҳия номид.
Қ.Расулзода супориш дод, ки тамоми кӯшишот ва ҷаҳду талош барои рушди истеҳсолот, омодагӣ ба давраи зимистон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сармоягузориҳо ва пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда шаванд.
Бо дарназардошти сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ ва вазъи бади мелиоративии заминҳо, раиси вилоят супориш дод, ки ҷиҳати харидории насосҳои обкашӣ аз буҷаи вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.
Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаи хурди истеҳсоли хишт ва мактаби санъат боздид кард.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста