Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба мониторинг ва натиҷагирӣ аз Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ баргузор мешавад.
Дар семинар ҳудуди 20 нафар намояндаи вазорату муассисаҳо иштирок мекунанд. Иштирокдорони семинар ният доранд, аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ ва нақши он дар Стратегияи миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷагирӣ кунанд.
Ба гуфтаи масъули баргузории семинар, корманди шӯъбаи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов, мувофиқи маълумоти натиҷаҳои мониторинги соли гузашта, ҷараёни ислоҳоти идораи давлатӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. «Яке аз сабабҳои чунин ҳолат дар он ифода меёбад, ки заминаи зарурии иттилоотӣ барои баргузории мониторинг, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот мавҷуд нест», - гуфт ӯ.
Қобили зикр аст, ки Стратегияи мазкур соли 2006 аз ҷониби президент тасдиқ гардида, то соли 2015 идома меёбад.
Дар семинар зикр гардид, ки барои татбиқи самараноки стратегия таъсиси Шӯрои миллии рушд дар ҳайати мансабдорони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, баргузории чунин семинарҳо барои васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар намояндагони ҷомеа низ дар назар аст.
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Сайёди зоҳиднамо ва мурғи зирак”
Даргузашти Оқохони 4, пешвои исмоилиҳои ҷаҳон
Пешниҳоди таъсиси Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Кувайт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2025
Фарҳод Раҳимӣ: “Як қисми заминҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргардонида шуд”
Ҳунарпешагони тоҷик дар филми “Рустаму Сӯҳроб” дар Эрон нақш меофаранд
“Ба таври таҷрибавӣ санҷида шуд”. Барномаи “Ислоҳнигорӣ” кай фаъол мешавад?
Сабти филми “Ҷомӣ ва Навоӣ” баъди Наврӯз оғоз мегардад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста