Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик мулоқот намуд.Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.
Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: - «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».
Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.
Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.
Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.
Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Бонк дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ омода аст

РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста