Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронӣ дар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки зимистону тобистони оянда нисбат ба соли гузашта душвортар хоҳанд буд.

Ба гуфтаи ӯ, «проблемаи тағйир ёфтани иқлим аллакай ба минтақаи мо, ва пеш аз ҳама ба вазъияту ҳолати захираҳои об таъсири манфӣ расонида истодааст».

Э.Раҳмон зикр кард, ки дар натиҷаи гарм шудани иқлими сайёра   масоҳати   пиряхҳои Тоҷикистон бештар аз 30 фоиз кам шудааст ва дар давоми се соли охир дарёҳои минтақа камоб гардиданд, ки дар натиҷа проблемаҳои ҷиддии иҷтимоиву иқтисодӣ, хушксолӣ, ҳуҷуми малах ва ғайра ба миён омадаанд. «Мамлакати мо бе татбиқи барномаҳои гидроэнергетикӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноил шуда, инкишофи устувори худро   таъмин карда наметавонад. Инро сардии тӯлонии зимистони қаҳратуни гузашта равшан нишон дод, ки дар натиҷаи он тамоми душвориҳои давраи гузариш возеҳан маълум гардиданд», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол сарвари давлати Тоҷикистон изщҳор намуд, ки Дар қаламрави мамлакати мо бештар аз 55 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва муқаррар карда шудааст, ки ҳаҷми умумии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 миллиард киловатт - соат мебошад, вале дар шароити имрӯза ҳамагӣ 5 фоизи он истифода бурда мешаваду халос.

Президенти Тоҷикистон чунин баён дошт: «Танҳо муносибатҳои муттаҳидона ва мутақобилан судманди мамлакатҳои минтақа доир ба истифодаи захираҳои обу энергетика ва сарватҳои дигари табиӣ метавонад рушди устувори Осиёи Марказиро таъмин карда, ба ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намояд, ки ин проблемаҳо ба истифодаи оқилонаи ин сарватҳо зич алоқаманд аст. Танҳо ҳамкории мутақобилан муфид дар масъалаи истифодаи   оқилонаю самарабахши онҳо метавонад сабаби некӯаҳволии халқҳо ва миллатҳои сокини ин минтақаи бузург гардад.

Мо умедворем, ки муассисаҳои Бреттон-Вуд ва шарикони Созмони Милали Муттаҳид аз сектори хусусӣ нақшаҳои моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Мо ба зарурати бунёди чунин механизми иқтисодии мубодила ва таъвизи захираҳои обу энергетикие ниёз дорем, ки манфиатҳои мамлакатҳои болообро, ки   захираҳои фаровони об доранд ва мамлакатҳои поёнобро, ки дар онҳо захираҳои сӯзишворӣ фаровон аст, ба таври баробар дар назар дошта бошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.