Душанбе. 17-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пеш дар Ашқобод бо ташаббуси Маркази минтақавии дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) боздиди кории намояндагони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

            Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, иштирокдорони мулоқот атрофи масоили таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишварҳои минтақа, назорати марзҳо, ҳифзи муҳити зист, истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои обиву энергетикӣ ва суботи вазъ дар Афғонистон табодули назар карданд.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин барномаи амали Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ барои се соли минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.