Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кишвараш ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи мулоқоти яксоатаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсӣ ва иқтисодии мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб муҳокима карда шуданд. «Пас аз ин боздид ба вазоратҳо ва сохторҳои тиҷоратии марбутаи Британия тавсия хоҳад шуд, имконоти дастёбӣ ба бозори Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд» - гуфт шоҳзода.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Бритониёи Кабир барои маблағгузорӣ ба татбиқи барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳад расонид.
Ёдрас мекунем, ки шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский бо сафари кӯтоҳмуддат дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ аз ноҳияи Варзоб, ки дар он ҷо бо дастгирии ҳукумати Бритониё як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор мегиранд, боздид хоҳад кард. Шоми имрӯз ӯ бо намояндагони Бриониё дар Тоҷикистон ва ҷавонони тоҷик мулоқот мекунад. Сипас шоҳзода ба Бишкек меравад. Ин сафари дуввуми ӯ ба Тоҷикистон аст. Бори нахуст ӯ моҳи июли соли 2006 аз Тоҷикистон боздид карда буд.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста