Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар қатори ҳамтоҳои худ аз давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нахуствазири Тоҷикистон - Оқил Оқилов низ дар он ширкат меварзад. Дар ҷаласа инчунин намояндагони кишварҳои нозири созмон - Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Муғулистон низ иштирок мекунанд.
Тибқи иттилои манбаъ аз дастгоҳи сарвазири Тоҷикистон, интизор меравад, ки дар нишасти Остона Эъломияи муштарак ва асноди дигари марбут ба ҳамкориҳои байни мамолики узви Созмон ба тасвиб хоҳанд расид.
Ба иттилои сарчашма, ин ҷаласа пас аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе, ки моҳи август доир гашт, баргузор мешавад ва барои натиҷагирӣ аз ҷараёни иҷрои қарорҳои дар он қабулгардида аҳамияти муҳим дорад.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти охирини нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ибтидои моҳи ноябри соли 2007 баргузор шуда буд, ки дар он қарор дар бораи буҷаи Созмон барои соли 2008 қабул гардида, роҷеъ ба баргузории нишасти навбатӣ дар Қазоқистон дар соли 2008 тавофуқ ҳосил шуда буд. Инчунин Эъломияи муштарак ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи гумрук ба тасвиб расида буд.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки Тоҷикистон аз оғози фаъолияти созмон дар он нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи узвият дар СҲШ мунтазам дар тамринҳои низомии муштарак ва конфронсҳои илмиву анҷуманҳо ширкат варзида, дар таҳкими заминаи ҳуқуқии созмон саҳми босазо дорад.
Маълумотнома:
Созмони ҳамкории Шанхай Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дарбар мегирад.
26 апрели соли 1996 сарони давлатҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми вохӯрӣ дар ш. Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Хитой Созишнома оид ба таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадиро ба имзо расонданд ва бо ин ба таъсисёбии «Панҷгонаи Шанхай» асос гузоштанд. 24 апрели соли 1997 дар ш. Маскав Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби президентҳои кишварҳои ёдшуда имзо гардид.
Моҳи январи соли 2001 Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавриди пайвастан ба «Панҷгонаи Шанхай» изҳори хоҳиш намуд. 15 июни соли 2001 сарони шаш кишвар: Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эъломияи таъсиси СҲШ ва Конвенсияи Шанхайро дар бораи мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ имзо намуданд.
Боздошти марде, ки ронандаи автобусро латукӯб кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Роҳи амон мондан аз хашми Худо”
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Агар пора мегирифтам, сутунҳои хонаам аз тилло мешуд”. Сайфулло Сафаров 70-сола шуд
“Рухсатнома надорем”. Интиқоли мол аз Чин муваққатан қатъ шудааст
Дар Русия рақами ягонаи машваратӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Воиз ва дуо барои гумроҳон”
Суроға ва телефони марказҳои омӯзиши забони кореягӣ. Барои сафар ба Корея дар куҷо ва чӣ гуна бояд омода шуд?
Рӯзи рақобати дуюми “уқоби тоҷик” дар UFC маълум шуд
Дар фасли баҳор Қазоқистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ 11 млрд метри мукааб об мегирад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста