Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта Маҷмаъи кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) масъалаи ба Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Арал додани мақоми нозирро ба рӯзнома ворид сохт. Чунин ташаббусро намояндагиҳои доимии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар СММ пешниҳод карданд.
Тавре аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, сарони минтақаи Осиёи Марказӣ ба хубӣ дарк мекунанд, ки роҳи ягонаи раҳоӣ аз бӯҳрон таҳкими ҳамкориҳо аст. Ҳанӯз бо ин мақсад 26-уми марти соли 1993 ин кишварҳо Хазинаи байнулмилалии наҷоти баҳри Аралро таъсис дода буданд.
Намояндаи вазорат таъкид сохт, ки соли 2002 сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буданд, ки ба Хазина мақоми яке аз ниҳодҳои СММ дода шавад ва ин нуктаро минбаъд борҳо дар маърӯзаҳояшон зикр карда буданд. Президенти Қазоқистон дар Маҷмаъи кулли 62-уми СММ пешниҳод сохт, ки ба Хазина мақоми яке аз муассисаҳои низоми СММ дода шавад. Президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта дар нишасти кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба масоили об қабули чунин қарорро аз ҷониби СММ заруру муҳим арзёбӣ карда буд.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста