Душанбе. 23-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои нишасти ғайрирасмӣ, ки миёни сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзҳои 19-20-уми декабр дар Қазоқистон доир гашт, президентони ин кишварҳо оид ба таъсиси Фонди зиддибӯҳронӣ ба маблағи $10 млрд. тавофуқ ҳосил карданд.
Дар сомонаи хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон гуфта мешавад, ки дар ҷараёни нишаст маҷмӯи васеи масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахши амнияти дастаҷамъӣ ва ҳалли муштараки мушкилоти иқтисодӣ дар вазъи бӯҳрони молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар нишасти сарони кишварҳо дар як қатор масоили дигар, аз қабили ташкили маркази муштараки технологияи навину пешрафта ва дар доираи СААД созмон додани гурӯҳи нерӯҳои зудамал баҳри таъмини амнияти кишварҳо низ тасмим гирифта шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар нишасти қарибулвуқӯъ қабули асноди ташаккули заминаи ҳуқуқии тавофуқоти ҳосилшуда дар назар аст.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста