Душанбе. 5-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - 4 феврали соли 2009 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Вазири бозаргонии Ҷумҳурии
Исломии Эрон ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимиро, ки ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимӣ
ва ҳайати ҳамроҳонашро сидқан шодбош гуфта, зикр сохт, ки ташрифи феълӣ, ки баҳри тақвияту тавсеаи татбиқи ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлатҳо оид ба густариши робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ нигаронида шудааст, бешубҳа метавонад дар таърихи муносибатҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо саҳифаи наверо боз карда бошад.
Зеро ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя имкон доранд дар марҳилаи кунунии муносибатҳо аз потенсиалҳои воқеан мавҷудаи тарафҳо истифода намуда, дар низоми пешгирии оқибатҳои бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ барномаҳои муштараки иқтисодиро амалӣ намоянд. Дар ин ҷода парламентҳои кишварҳо тамоми тадбирҳоро пиёда месозанд, ки заминаҳо ва фазои ҳуқуқӣ ҷавобгӯи ҳамкориҳои воқеан ҳасана ва қонунҳои давлатҳо дар ҳифзу амнияти сармоягузорӣ нақши муассир дошта бошанд.
Ҷаноби Сайидмасъуди Миркозимӣ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти дӯстона зикр
намуд, ки ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҷалбу сафарбарии сармоягузорони эронӣ ҳамеша омода аст, дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, коркарди маъдану истихроҷи нафту газ, ташаккули имкониятҳои технологияи муосир дар соҳаҳои мухталиф, рушди туризм ва коммуникатсия саҳмгузор бошад.
Зимнан таъкид дошт, ки дар роҳи расидан ба ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки
Тоҷикистон дар ин самт қадамҳои нахустин мегузорад, таҷрибаи андӯхтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди пажӯҳиш ва истифодаи амиқ қарор дода шавад.
Зимнан, даъват ба миён овард, ки потенсиали парламентҳо дар ин ҷода нек истифода ва нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ муассир гардонида шавад. Ҳамзамон, аз номи роҳбарияти Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таклиф намуд, ки ташрифи расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ
аз Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом гирад. Дар ин бора ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод.
Падари демократ, бародари ғамхор, дӯсти сахӣ ва ҳомии рӯзноманигорон. Панҷ симои Акбари Саттор, ки имрӯз 60-сола шуд
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста