Хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ медиҳад, ки имрӯз президенти Русия Владимир Путин дар бораи ба вазифаи сафири Русия таъин шудани Игор Лякин-Фролов фармон ба имзо расонид.

Қобили зикр аст, ки қаблан Игор Лякин-Фролов ба ҳайси намояндаи ваколатдори Русия дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ фаъолият дошт.

Зимнан зикр мегардад, бо фармони дигар президенти Русия сафири қаблии Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов аз вазифааш озод карда шудааст.