Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз роҳбари гурӯҳи дӯстии парлумони Британияи Кабир бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз Лорд Вейверлиро ба ҳузур пазируфт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистону Британия ва ҳамчунин суръат бахшидан ба ҷараёни фароҳам овардани заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ миёни давлатҳо баррасӣ шуданд.

«Зуҳуров зикр кард, ки айни замон миёни Тоҷикистону Британияи Кабир лоиҳаҳои созишномаҳо дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ кардан аз пардохти андоз аз даромад ва сармоя, дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва лоиҳаи қарордоди ҳамкориҳои фанниву иқтисодӣ ва илмӣ таҳия шудаанд. Дар ин робита ӯ изҳори итминон кард, ки имзо ва тасдиқи онҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба кишварҳо мусоидат хоҳад намуд», - гуфт Султонов.

Котиби матбуотии парлумон изҳор кард, ки ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масоили марбут ба афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ва табодули сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ низ табодули назар намуданд.