Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров имрӯз ҳайати парлумони Фаронса тахти сарварии раиси Гурӯҳи дӯстӣ бо парлумонҳои кишварҳои Осиёи Маркзӣ Андре Дюлеро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва таҳкими он тавассути парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Зуҳуров қайд кард, ки то имрӯз миёни ҳукуматҳои ҳарду кишвар 12 санади қарордодиву ҳуқуқӣ ба имзо расидаанд, ки ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба равона шудаанд. Зуҳров таъкид намуд, ки имконоти ҳамкории мутақобилаи ду кишвар то ҳанӯз пурра мавриди истифода қарор дода нашудаанд», - иброз дошт ӯ.

Ба қавли Султонов, дар идома Зуҳуров таваҷҷуҳи меҳмононро ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои истеҳсолоти атриёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ ва энергетика ҷалб намуд.

«Меҳмонон ба раиси МНМО ҶТ итминон доданд, ки барои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», - афзуд номбурда.