Ҳукумати Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳодҳои навбтӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатии соли 2013-ро пешниҳод намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи молия ва буҷети палатаи поёнии парлумон Сафаралӣ Гулов хабар дод, ин дафъа ҳукумат дархост кардааст, ки таҷҳизоту техникаи аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва Комбинати қолинбофии Қайроққум ба ҷумҳурӣ воридшуда аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.

«Пешниҳодоти худро ҳукумат бо он асоснок мекунад, ки пас аз воридоти таҷҳизоти нав барои корхонаҳои мазкур ҷойҳои иловагии корӣ дар кишвар таъсис дода шуда, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо таъмин мегардад», - зикр кард Гулов.

Номбурда таъкид дошт, ки кумита ва комиссияҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ҳаҷми маблағеро, ки баъди озод шудани ин корхонаҳо аз пардохти андозу боҷ ба буҷет ворид намегардад, дақиқан мавриди таҳлил қарор хоҳанд дод.