Дар доираи иштирок дар кори иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи кулли СММ дар Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо амири Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов аз Ню-Йорк хабар дод, зимни мулоқот ҷараёни сохтмони масҷиди ҷомеъ ва маҳаллаи «Диёри Душанбе» дар пойтахти Тоҷикистон, ки бо маблағгузории Қатар амалӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Бо назардошти имконоти Қатар, Оқилов пешниҳод кард, ки барои дастгирии амалисозии лоиҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон Фонди махсуси Қатар таъсис дода шавад», - иттилоъ дод манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, чанде қабл дар Ню-Йорк нахуствазири Тоҷикистон ҳамчунин дар кори ҷаласаи махсуси Маҷмаъи кулли СММ бахшида ба стратегияи рушди ҳазорсола иштирок ва суханронӣ намуд.

«Дар суханронии худ Оқилов таъкид намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон стратегияи рушди кишвар то соли 2015-ро қабул намуда, барои ҷалби сармояи беруна ба иқтисоди миллӣ тамоми шароитҳоро фароҳам месозад», - афзуд Муҳиддинов.