Мутобиқи меъёрҳои қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукумат», бо интихоби президенти нави Тоҷикистон ҳукумати айни замон амалкунандаи кишвар бо ҳайати пуррааш ба истеъфо меравад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, пас аз расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоб Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат ба истеъфо хоҳад рафт.

Мувофиқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси ҳукумат мебошад, аъзои ҳукумати баистеъфорафта то тасдиқи ҳайати нави ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон аз нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.