Дар иҷлосияи имрӯзаи ҳарду палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон, ки аз ҷониби президент пешниҳод гардид, якдилона ва бидуни баррасӣ тасдиқ шуд.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки аъзои ҳукумат, ки пас аз интихоботи президентӣ аз мансаб барканор шуданд, муддати 7 сол ба хотири рушди мамлакат ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум софдилона хизмат карданд.

Мушовири перзидент оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори президент дар ҳарду палатаи парлумон Ҷумъахон Давлатов фармонҳои президент дар бораи таъиноти нахуствазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳои давлатиро қироат намуда, зимни тасдиқи онҳо ба вазифа, нисбати ҳеҷ кадоме аз онҳо вакилон ягон саволе надоданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки то имрӯз таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, Муовини якум ва се муовини Сарвазир, 14 вазир ва се раиси кумитаи давлатӣ дар маҷмӯъ 22 нафар анҷом ёфт. 13 нафар аз аъзои Ҳукумат ё худ 60 фоизи он иваз карда шуд. Синни миёнаи аъзои Ҳукумати нави ҷумҳурӣ 52 сол аст. Синни миёнаи ҳайати Ҳукумати қаблӣ бошад, 56,7 сол буд.

Ҳамаи аъзои Ҳукумати нави кишвар тахассуси олии касбӣ доранд. Аз онҳо 3 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати пешин танҳо 1 нафар доктори илм ва 7 нафар номзади илм буд. Дар ҳайати нави Ҳукумат 2 нафар зан мебошанд. Қаблан танҳо як нафар бону дар Ҳукумати кишвар фаъолият дошт.