Дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони ввилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва узви МММО ҶТ Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

Ҳамаи вакилони аз сафҳои МММО ҶТ хориҷшуда бо ифтихорномаҳои палатаи болоии парлумон сарфароз гардонида шуданд. Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар муддати се моҳ интихобот ба ҷойи аъзои хориҷшудаи МММО ҶТ-ро баргузор мекунад.