Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба эълони озмун барои рӯзноманигорон ҷиҳати инъикоси мушкилоти ҳифзи муҳити зист қарор қабул шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, натиҷаҳои озмун ахири соли 2014 ҷамъбаст гардида, ғолиби озмун бо 4 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм бо 3 ҳазор сомонӣ ва зинаи сеюм бо 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум санаи 8-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад.