Чанде қабл таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахусти кумитаи тадорукот оид ба баргузории форуми чоруми байнипарлумони «Тоҷикистон-Русия – энергияи ҳамкории минтақавӣ» ва конфронси сеюми ҳамкорӣ миёни минтақаҳои ҳарду кишвар баргузор шуд. Ин чорабиниҳо рӯзҳои 22-15-уми октябр дар шаҳри Маскав доир мегарданд.

Ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шавкат Саидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни баррасии масоили марбут ба ин чорабиниҳо, М.Убайдуллоев ба аъзои кумитаи тадорукот, ки ба ҳайати он муовинони нахуствазир, роҳбарони чанде аз вазорату идораҳо, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ шомиланд, ҷиҳати омодагии дақиқ дастур дода, таъкид дошт, ки рушди робитаҳо миёни минтақаҳои ҳарду кишвар ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия мусоидат мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар чорабиниҳои мазкур атрофи масъалаҳои густариши робитаҳо байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, роҳандозии ҳамкориҳо дар таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, соҳаҳои бонкдорӣ, сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират ва ҳамкориҳои гуманитарӣ табодули назар хоҳад шуд.