Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо даъвати ҳамтои қирғизи худ Ҷоомарт Оторбоев имрӯз бо сафари дурӯзаи расмӣ ба шаҳри Бишкек раҳсипор шуд.

Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни сафар Қоҳир Расулзода бо раҳбарияти олии Қирғизистон дидору гуфтушунид анҷом дода, дар вохӯриҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории кишварҳо, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, нақлииёт ва сохтмон баррасӣ мешаванд.

Муҳиддинов зикр кард, ки ба масоили марбут ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. «Дар гуфтушунидҳо ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории барои тарафайн судманд дар соҳаҳои илму фарҳанг ва маориф низ дар назар аст»,-- гуфт номбурда.

Дар ин сафар нахуствазирро вазири энергетика ва захираҳои обӣ Усмоналӣ Усмонов, вазири нақлиёт Хайрулло Асоев, раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезия Маҳматоир Зокиров ва фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳӣ мекунанд.