Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳи раёсати раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ масъалаи табдили номи чанде аз кӯчаҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Тоҷикистон Боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи " Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ карда шуд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе

Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон" чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қонуни забони давлатӣ Қонуни номи кӯчаи "Ташкентская"-ро ба номи Тошканд, кӯчаи "Варзобская"-ро ба номи Варзоб,кӯчаи Варзоб ГЭС-и болоро ба номи Шаббода,  кӯчаи "Московская"-ро ба номи Москва, кӯчаи Тунисро ба номи Хоразмӣ иваз кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.