Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз аз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби як гурӯҳи вакилон ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, ки мувофиқи он минбаъд ҳукумати кишвар нақшаҳои генералии шаҳру навоҳиро бидуни ба инобат гирифтани имконоти сайёҳии мавзеъ тасдиқ карда наметавонад, ҷонибдорӣ намуд.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронӣ доир ба ин масъала қайд кард, ки зери мафҳуми имконоти сайёҳӣ ҷойҳо барои сайругашту истироҳат дар назар дошта шудааст.
“Агар дар нақшаи генералии ҳама гуна шаҳру навоҳӣ ба гунаи мисол агар сохтмони боғу меҳмонхонаҳо пешбинӣ нашуда бошад, он тасдиқ намешавад”, - иброз дошт ӯ.
Имрӯз вакилони парлумон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи хоҷагидории биологӣ ва истеҳсолот” низ дастгирӣ намуданд.
Ин тағйироту иловаҳо ба ҳукумат имкон медиҳанд, ки рӯйхати давлатии маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистонро тартиб диҳад.
Барои тартиб додани рӯйхат аз натиҷаҳои ташхисҳои гузаронидаи аз нигоҳи илмӣ асоснок истифода мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.