Бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бинои нави маъмурӣ аз ду ошёна, таҳхона, ҳуҷраҳои корӣ, утоқҳои ёрирасон ва маҷлисгоҳ иборат буда, бо саҳмгузории аъзои ҳизб ба тариқи ҳашар бунёд гардидааст.

Гуфта мешавад, бо мавриди истифода қарор гирифтани бино шароити кории 13 нафар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтар шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор ҷавонон, ки ба аъзогии ҲХДТ пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳо супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар 16 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дафтарҳои корӣ дошта, дар чанде аз ноҳияҳо барои роҳандози фаъолияти прусамар биноҳоро ба иҷора гирифтааст.

Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар Душанбе то нимаи соли гузашта дар бинои маҷмааи “Кохи Ваҳдат” ҷойгир буд. Дар робита ба оғози корҳои таъмиру навсозии ин маҷмаа, КИМ ҲХДТ дар мавзеи назди кинотеатри “Ватан” бино ба иҷора гирифт.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 480 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.