Барои баргузории интихоботи парлумонии 1-уми март дар Тоҷикистон дар саросари кишвар 3 ҳазору 371 қитъаи интихоботӣ ташкил шудааст. Барои тоҷикистониёни муқими хориҷи кишвар дар қаламрави намояндагиҳои дипломатӣ 39 қитъа фаъолият хоҳад кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и ҷумҳурӣ хабар доданд, теъдоди умумии қитъаҳои интихоботӣ барои баргузории интихоботи парлумонӣ 3 ҳазору 410 ададро ташкил медиҳад.

Акасри қитъаҳои интихоботӣ дар бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои томактабӣ барои кӯдакон, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, техникумҳо ва мактабҳои олии кишвар ҷойгиранд.

Аз ҷумла, бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар 2 ҳазору 424 мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо, 29 омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, 20 техникум ва 17 мактаби олии кишвар қитъаҳои интихоботӣ ташкил карда шудаанд.

Ҳайати асосии комиссияҳои интихоботии қитъавиро омӯзгорон ташкил медиҳанд.

Мувофиқи ҳисобу китоби ҳадди ақал, беш аз 15 ҳазор муаллимони Тоҷикистон ба ташкил ва баргузории маъракаи интихобот ба парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии даъвати оянда сафарбар шудаанд. Ҷалби шаҳрвандон ба омодагӣ ва баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистон иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ дониста шуда, бе пардохти маблағ (ҳақмузд) сурат мепазирад.

Аммо дар интихоботи парлумонии охири соли гузашта дар ҳамсоякишвари Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи он ба шаҳрвандоне, ки дар кори ташкил ва гузаронидани маъракаи интихоботӣ иштирок карданд, маблағ пардохт шуд. Барои кори якмоҳа раисони қитъаҳои интихоботӣ ҳар кадоме аз буҷети Ӯзбекистон 500 ҳазор сӯм (тақрибан 500 сомонӣ) ва аъзои қитъаҳои интихоботӣ 250 ҳазор сӯм (250 сомонӣ) ҳақмузд гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.