Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 31-уми марти соли ҷорӣ меъёри ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ (фонд) барои ташкилотҳои суғуртавӣ (суғуртаи дубора)-ро муқаррар кард.

Ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои суғуртавии кишвар на камтар аз 10 млн сомонӣ (980 ҳазор доллар) муқаррар шуд.

Пеш аз ин ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ширкатҳои давлатии суғуртавӣ 5 млн сомонӣ ва ғайридавлатӣ – 500 ҳазор сомониро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми фонди ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта, ки танҳо ба “суғуртаи умумӣ” ва “суғуртаи ҳаёт” машғуланд, дар ҳаҷми на камтар аз 5 млн сомонӣ муайян шудааст;

Ҳаҷми фонди ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта, ки танҳо ба “суғуртаи умумӣ” машғуланд, дар ҳаҷми на камтар аз 2 млн сомонӣ муайян шудааст;

Ин ҳаҷм барои ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии суғуртаи дубора на камтар аз 50  млн сомонӣ (қаблан – 40 млн сомонӣ) муқаррар шудааст.

Ин маблағҳо бояд дар суратҳисобҳои ширкатҳои суғуртавӣ дар шакли воситаҳои пулӣ вуҷуд дошта бошанд.

Ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадор мешаванд, ки дар муддати як сол пас аз қабули қарори мазкур фонди оинномавии худро то ҳаҷми муқарраршуда расонанд.

Тибқи маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, айни замон дар бозори суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ ва 2 давлатӣ фаъолият мекунанд.

Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯйи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ) ва ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.