Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар посух ба мактуби президенти Тоҷикистон оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ 78 млн евро ҷудо мекунад.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода рӯзи 14 апрел бо роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мерилин Йосефсон дидору гуфтушунид кард.
Тавре дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ Завқизода ҳамчун ҳамраиси қисми тоҷикистонии Кумитаи ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо пайгирии мактуби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба президенти Комиссияи ИА оид ба расонидани дастгириҳои молиявию техникӣ барои пешгирии паёмадҳои паҳншавии пандемияи коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Вобаста ба ин Сафири Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҷавоб ба дархости ҳукумати ҷумҳурӣ кӯмакҳои молиявии иловагиро ба маблағи 48 млн. евро грант ва тавассути Бонки Сармоягузории Аврупо 30 млн. евро қарз барои нақшаҳои зиддибуҳронии ҳукумати кишвар сафарбар менамояд.
Гуфта мешавад, маблағҳои мазкур тавассути соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таҳкими сарҳад, тақвияти муассисаҳои тиббию таълимӣ, обёрӣ, санитарӣ ва пешгирии паёмадҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона мегардад.
Ғайр аз ин, муҷаҳҳазгардонии мутахассисони соҳаи тиб бо либосҳои ҳимоявӣ дар 25 дармонгоҳи тиббӣ ба маблағи 1,3 млн. евро ва таъмини лавозимоти санитарӣ ба муассисаҳои таълимӣ ба маблағи 780 ҳазор евро анҷом дода мешавад.
Зикр мегардад, ки зимни мулоқот ҳамчунин ба масоили дигари рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла REX, GSP+, дастгирии буҷет таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2025
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста