Бо амру фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 апрел дар сохтори як қатор вазорату кумита ва идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Манзура Латифзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд озод карда шуд. Ваколати судяи суди шаҳри Душанбе Муминзода Ҳусейн бинобар вафоташ қатъ гардид.
Бо амрҳои президент Оқилзода Нурулло - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ, Исмоилзода Ёқуб Борон - директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар - машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти ҶТ таъин шуданд.
Бо қарорҳои ҳукумат Раҳмонзода Абдулғафор Азиз - муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Саидвализода Барно Саиднабӣ - сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҶТ ва Шариф Раҳимзода - директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.
Савари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба фаъолияти содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят карданд.
Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҳамчунин доир ба вусъати корҳои ободонӣ, ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба иқтисодиёти мамлакат, тақвияти тадбирҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, дастуру супоришҳо дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тағйироти кадрии нахустин дар соли 2025. Раиси шаҳри Конибодом ва 5 шаҳру навоҳии дигар нав шуданд
“Депорт”-и панҷсолаи 18 ҳазор муҳоҷир аз Маскав дар соли гузашта
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2025
Аз Давлатманд Холу Раҳматилло Зоиров то Мирзо Шукурзодаву Низорамо Зарифова. Киҳо дар соли 2024 моро тарк карданд?
RSF: Соли гузашта “Толибон” 12 расонаро комилан баста, 25 рӯзноманигорро боздошт кардаанд
“Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд
Аз Хоруғ то Малдив. Хатсайрҳои ҳавоие, ки дар Тоҷикистон соли 2024 боз шуданд
Аз моҳи июн дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадии Русия сурат ва изи ангушти муҳоҷиронро мегиранд
Дар Туркия барои 5 кас бо гумони шарикӣ бо муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” то 15 соли зиндон талаб карданд
Шумораи доварони тоҷик, ки бозиҳои байналмилалии футболро ҳакамӣ мекунанд, зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста