Масоили кишоварзӣ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва пешгирии коронавирус имрӯз, 30-юми апрел дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, иҷрои тадбирҳои санитарию гигиенӣ, тамизкунии кӯчаю хиёбон, иншоотҳо, манзилҳои зист, баргузор кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум барои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва иҷрои маслиҳатҳои мутахассисони соҳаи тиб супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Ҳамчунин оид ба ҷараёни иҷрои қарори ҳукумат “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020” ҳисоботи вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои 2012-2019 аз буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои соҳавӣ ҳамагӣ 207 миллион сомонӣ ва бо ҷалби сармоягузории давлатии хориҷӣ 840 миллион сомонӣ равона гардид.

Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти марбута оид ба татбиқи тадбирҳои мақсадноки Барнома дар соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 27,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012 9,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи нишондодҳо бармеояд, ки ҳоло ҳам иқтидорҳои агросаноатии кишвар баҳри таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ пурра истифода нашудааст.

Сарвари давлат ба ҳукумати ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки ҷиҳати татбиқи босамари Барномаи ислоҳоти кишоварзии ҶТ барои солҳои 2012-2020 ва дигар супоришҳои ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳамаи имкониятҳо пурсамар истифода баранд.

Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии ҶТ барои солҳои 2020-2022, Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025, Дар бораи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти ҶТ ва Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Гулистони вилояти Суғд шахсони масъул гузориш доданд. 

Аъзои ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва пешниҳоди хулосаҳои ҳукумати Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи сиёсати давлатии гендерӣ”-ро баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карданд.

Дар охири кори маҷлис раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ, кишту кори баҳорӣ, кишти такрорӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.