Раисҷумҳур имрӯз, 5-уми май Насим Олимзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон озод кард. Ба ҷойи ӯ Ҷамолиддин Абдуллозода ба ин вазифа таъин шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фармонҳои мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
То имрӯз, 5-уми май дар Тоҷикистон 293 ҳолати сирояти коронавируси нави CОVID-19 ба қайд гирифта шуда, бар асари он 5 нафар фавтидаанд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.
Вазири нави тандурустӣ кист?
Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло 9-уми декабри соли 1966 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Соли 1989 баъд аз хатми Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти худро ҳамчун духтури интернаи Беморхонаи клиникавии №5-и шаҳри Душанбе оғоз кардааст.
Солҳои 1990-1991 ҳамчун табиби ҷарроҳи Дармонгоҳи №7-и Беморхонаи клиникии шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе (ҳоло Маркази тиббии шаҳрӣ) фаъолияташро идома додааст.
Солҳои 1991-1997 дар Беморхонаи клиникавии шаҳрии №3 ба ҳайси духтури ҷарроҳ, солҳои 1997-2007 мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, сипас то соли 2014 дар ҳамин муассиса ҳамчун сардухтур фаъолият кардааст.
Соли 2014 ба вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” таъин шудааст.
Аз соли 2017 то кунун ба ҳайси директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” фаъолият мекард.
Соли 2002 рисолаи номзадияшро дар мавзўи «Ташхиси маҷмӯъ ва пешгирии норасоии кӯкҳои рӯдаи дувоздаҳангушта баъди буриши меъда бо усули Билрот 2» ҳимоя кард. Ӯ ҳамзамон ассистенти кафедраи ҷарроҳии умумии №2-и ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва аз соли 2014 ба сифати дотсенти кафедраи мазкур фаъолият дошт.
Соли 2011 дар мавзӯи «Ташхис ва ба танзимдарории ҷарроҳии рефлюкси гастрит ва рефлюкси эзофагит дар бемории санги сафро» рисолаи докториро ҳимоя карда, соли 2012 соҳиби унвони профессор шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста