Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти як қатор дармонгоҳҳои муваққатӣ барои муолиҷаи беморони коронавирус дар шаҳри Душанбе шинос шуд. Ин 4 дармонгоҳи муваққатӣ дар як вақт наздики 2 ҳазор нафар беморонро қабул карда метавонанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ дар ноҳияи Сино Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе бо вазъи беморхонаи муваққатӣ шинос шуданд. Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои пешгирии паҳншавии бемории нави сироятии COVID-19 барои қабули 500 нафар беморони мубталои короновирус муҷаҳҳаз бо тамоми техника ва лавозимоти зарурӣ омода гардидааст.

1/12

Президенти мамлакат ҳамчунин бо рафти корҳо дар хобгоҳи нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба беморхонаи муваққатӣ табдил дода шудааст, шинос шуд. Иншооти мазкур аз 12 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тибқи дастури Пешвои миллат 650 кати хоб барои қабул ва табобати шахсони мубталои бемории нави сироятӣ ҷой дода мешавад.

Сарвари давлат ҳамчунин бо шароити ду беморхонаи муваққатии дигар барои муолиҷаи беморони коронавирус дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаҳои мунтахаб”- и Кумитаи ҷавонон ва варзиш (Манеж), инчунин Гимназияи ҳарбии ба номи “Ворисони Куруши Кабир”-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ низ аз наздик шинос шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи беморхонаҳои муваққатӣ бо таҷҳизоти муосир, маводу дорувории тиббии зарурӣ ва воситаҳои муҳофизат барои табибон таъминанд.

Президент қаблан зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор намуд, ки танҳо риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии коронавирус кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.